"Афғонистон интихоботи президентиро ба таъхир меандозад"

© Abdul KhaliqВыборы в Афганистане
Выборы в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Афғонистон метавонанд интихоботи президентиро, ки бояд моҳи апрели соли 2019 багузор гардад, ба таъхир андозанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя - Sputnik. Дар Афғонистон метавонанд интихоботи президентиро, ки бояд соли 2019 баргузор шавад, ба чанд моҳ ба таъхир андозанд. Дар ин бора TOLO News дар истинод ба намояндаи комиссияи интихоботии Афғонистон Абдулло Азиз хабар медиҳад.

"Соли оянда интихоботи президентӣ ва интихобот дар вилояти Ғазна, аз ҷумла интихобот дар шӯрои вилоят ва округ баргузор мешавад. Яке аз нақшаҳои эҳтимолӣ, ин баргузор кардани интихоботҳо дар як вақт аст, ки барои ин, якеро бояд ба таъхир андохт. Аммо ин изҳорот дақиқ нест", - гуфтааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, интихобот дар Ғазна моҳи октябри соли равон бо далели даргириҳо ба таъхир андохта шуд. Ҳукумати Афғонистон қарор дод, ки интихоботро то 20-уми апрели соли 2019 ба таъхир андозад.

Пештар муовини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Атоулло Салим эълом карда буд, ки музокироти сулҳи намояндагони кишвар ва ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  бояд то интихоботи президентӣ баргузор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0