ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Таркиши интиҳорӣ дар як маркази овоздиҳӣ дар Қандаҳори Афғонистон боис ба маҷрӯҳ гардидани 15 нафар шудааст, хабар медиҳад агентии AFP бо такя ба маълумоти намояндагони бемористоне, ки маҷрӯҳон ба он ҷо мунтақил шуданд.
Манбаъ меафзояд, ҳамаи захмбардоштагон мардон ҳастанд ва феълан онҳо дар яке аз бемористонҳои Қандаҳор таҳти муроқиботи табибон қарор доранд.
Бояд зикр намуд, ин нахустин таркиш аст, ки дар ҷараёни баргузории маъракаи раисҷумҳурӣ дар Афғонистон рух дод.
Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад
Қабалан ҷангиёни ҳаракати Толибон таҳдид намуданд, ки тавассути ҳамалоташон ин маъракаи муҳимро лағв мекунанд. Ҳарчанд сарвазири феълии Афғонистон, ва номзади феълӣ ба даври раёсатҷумҳурӣ доктор Абдулло Абдулло аз раҳбарони Толибон даъват намуд, ки ба рафти маъракаи интихоботи раисҷумҳурӣ дахолат накунанд.
Аз ин пеш Толибон чанд маротиба ба ҷони Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури феълии Афғонистон низ сӯиқасд намуда буданд.
Гузашта аз ин дар пешорӯйи интихоботи раисҷумҳурӣ таркишҳои интиҳорӣ дар Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфта буданд.
Сӯиқасди навбатӣ ба ҷони Ашраф Ғанӣ: таркиш назди дафтари раисҷумҳур рух дод
Рӯзи 19 - уми сентябр бар асари таркиши бомб назди бинои амнияти миллӣ дастикам 7 нафар ҷони худро аз даст доданд. Инчунин аз як ҳамлаи дигари Толибон аснои суханронии раисҷумҳури феълӣ назди намояндагони маъракаи интихоботӣ, 24 нафар ҷон бохтанд.