Вокуниши “Толибон” ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

© AP / Uncredited / Гузариш ба медиабонкАфганские талибы, архивное фото
Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи "Толибон" мушорикати мардуми Афғонистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии шанберо камранг ва нишонаи мухолифати афғонҳо бо идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишварашон донист

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) имрӯз дар баёнияе эълом кард: Мушорикати поини мардум дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон нишондиҳандаи мухолифати мардум бо идомаи "ишғол"-и ин кишвар аст, иттилоъ додааст сомонаи Parstoday ба нац аз хабаргузории Тасним.

Афганский полицейский В Кабуле за день до парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба таҳдидҳои гурӯҳи Толибон вокуниш нишон дод

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳи "Толибон" дар ин баёния таъкид намудааст, ки дар рӯзи интихобот 530 ҳамла дар саросари Афғонистон анҷом дода, ки бар асари ин ҳамалот 258 нерӯи амниятӣ куштаву 164 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Пижвок, бузургтарин агентии хабарии мустақили Афғонистон дар оморе мутафовит эълом кард, рӯзи гузашта 113 ҳамла тавассути гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он дастикам 32 нафар куштаву 123 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи бархе манобеъ аз 9 миллиону 600 ҳазор нафаре, ки барои ширкат дар интихботи раёсатҷумҳурии Афғонистон номнависӣ карда буданд, ҳудуди ду миллион нафар дар интихоботи дирӯз ширкат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0