Нигаронии Азим Иброҳим аз камсамарии илми тоҷик дар истеҳсолот: 170 нерӯгоҳ кор намекунанд

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон дар машварати кории илмӣ бо намояндагони Академияи улум ва вазорату идораҳо таъкид намуд, ки алоқаи илм бо истеҳсолот дар кишвар ниёз ба таҳлили амиқ дорад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Азим Иброҳим дар ҳузури олимон ва масъулини давлатӣ гуфт,  дар оянда саҳми илми тоҷикро дар пешрафти иқтисодиёт ва рушди саноат бештар дидан мехоҳад.

Книжный стеллаж. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Илми дур аз истеҳсолот: таъкиди камбудии кори олимон дар Академияи улум

“Дар замони муосир таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки илму техника ҳамчун омили асосӣ ва муҳими рушди босуръати саноат маҳсуб ёфта, мавқеъ ва мақоми худро пайдо намудаанд”, - иттилоъ дод “Ховар” аз қавли Азим Иброҳим.

Ӯ таъкид намуд, ки мақсади асосӣ дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникии  олимони мамлакат, технологияи пешқадам, ташаккул ва рушди фаъолияти навоварӣ – инноватсионӣ ва ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Муовини сарвазир аз раванди мавҷудаи ҳамгироии илм ва корҳои илмиву тадқиқотии анҷомдодаи олимони тоҷик бо истеҳсолот изҳори нигаронӣ намуда, иҷрои старатегияву барномаҳои давлатии қабулгардидаро нигаронкунанда номид.

Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷику чинӣ вазъи Сарезро меомӯзанд

“Аз ҷумла, муҳлати татбиқи Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015 ба анҷом расид, вале  мутаассифона, ягон пешниҳоди дуруст дар ин мавзӯъ нест”, - изҳори нигаронӣ кард Азим Иброҳим.

Ӯ мисол овард, ки , дар дарёчаҳои кӯҳии Тоҷикистон қариб 320 неругоҳи барқии обии хурд сохта шудаанд, ки дар фасли зимистон қариб 160-170- тояш кор намекунад.

Парвози нахустин ҳавопаймоҳои 25 ҳазор доллараи истеҳсоли Тоҷикистон

“Дар ин ҷо олимоне, ки вобаста ба обу гирдоэнергетика корҳои илмиву тадқиқотӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳаҷм, суръат ва ҳарорати обро дар фаслҳои мухталифи сол таҳлил ва ба инобат гирифта, сипас пешниҳод менамуданд”, - таъкид намуд Азимз Иброҳим.

Чойхонаи Роҳат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: театрҳои Лоҳутию Маяковский ва бинои "Роҳат" тахриб намешаванд

Ноиби сарвазир афзуд, олимоне дорем, ки дар соҳаи энергетика ва техника рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд, вале мавзӯи самаранокии истифодаи дарёчаҳо барои гирифтани неруи барқ дар мо, мутаассифона, камсамар аст.

Азим Иброҳим барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди олимон бо саноатчиён ба масъулини Академия ва идораю вазоратҳоро муваззаф кард.

Лентаи хабарҳо
0