ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, чойхонаи "Роҳат", парлумон, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ба рӯйхати иншоотҳои тахрибшавандаи шаҳри Душанбе дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ворид нашудааст, менависад ОИ "Тоҷнюс" бо истинод ба посухи катбии муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Нуралӣ Саидзод.
Ба навиштаи ин манбаъ, рӯйхати биноҳои тахрибшавандаи пойтахти Тоҷикистон дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ҳанӯз моҳи июли соли 2012 бо қарори раиси Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тартиб дода шудааст.
"Ба ин феҳраст бо қарори мири пойтахт, исми биноҳои воқеъ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла бинои шаҳрдорӣ, бинои телевизиони "Сафина", матбааи №1 (Домпечат), бинои сафоратхонаи Туркия, Кохи "Ҷомӣ", биноҳои вазорати кишоварзӣ, вазорати адлия, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва як қатор иншооти дигар ворид карда шудааст", — менависад сарчашмаи хабар.
Аммо дар ин рӯйхат ба гуфтаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, чойхонаи "Роҳат", парлумон, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский вуҷуд надоранд.
Ин масъули Кумитаи меъморӣ илова кардааст, ки дар кучаи Саъдӣ Шерозии пойтахт бар асоси нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бинои маркази тиҷоратии "Рахш" ва қисми дуошёнаи бинои бемористони "Ибни Сино" дар мувофиқа бо соҳибмулкон тахриб хоҳанд шуд.
Оҷонсии мазкур бо такя ба суханони ҷаноби Саидзод афзудааст, ки ҳоло Кумитаи меъморию сохтмон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг, Академияи улум ва ҳукумати шаҳри Душанбе гуруҳи корие таъсис додааст, ки номгӯи иншооти меросӣ-фарҳанӣ ва меъморию таърихӣ дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистонро муайян хоҳанд кард.
Берун мондани исми биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, чойхонаи "Роҳат", парлумон, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский аз рӯйхати иншоотҳои тахрибшавандаи шаҳри Душанбе ба гуфтаи Нуралӣ Саидзод дар давраҳои дарозмуддат ва таъсиси гуруҳи корӣ дар ҳолест, ки қаблан худи ӯ дар суҳбат бо Sputnik аз тахриби ин биноҳо хабар дода буд.
Ӯ 12 октябри соли равон дар як суҳбати телефонӣ бо Sputnik гуфта буд, ки бинои шаҳрдории пойтахт, дастгоҳи иҷроия раисҷумҳур, театрҳои Лоҳутиву Маяковский, инчунин чойхонаи маъруфи "Роҳат" тахриб мешаванд.
Ёдрас менамоем, хабари тахриби биноҳои таърихии Душанбе бо вокуниши шадиди корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук рӯбарӯ шуд. Корбарон он замон гуфтанд, "чизе, ки падару бобоҳои мо бо орзую умед ва муҳаббат бунёд кардаанд, набояд тахриб, балки ҳифз шавад".
Онҳо ҳатто барои барои ҷилавгирӣ аз тахриби ин биноҳо, ки қисми фаромӯшнашавандаи таърихи пойтахти кишвар маҳсубанд, ба таври фаъолона ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев зери номае имзо ҷамъ карданд.
Аммо бояд гуфт, ки тахриби биноҳои таърихии даврони шӯравӣ ҳоло ба як раванди маъмулӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ табдил ёфтааст. Раҳбарони нави ин маҳдуда ҳоло талош доранд, бо бунёди биноҳҳои боҳашамат, ки ҳоло дар шаҳрҳои Ашқобод, Душанбе ва Остона қомат афрохтаанд, умри ҳукуматдории хешро дароз кунанд.