Дар шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни “Мураббияи сол” маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи шаҳрии озмуни “Мураббияи сол” баргузор гардид. Фирӯза Қодирова, мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами 15-и шаҳри Хуҷанд мақоми аввалро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Миёни 5 нафар довталабони асосӣ Фирӯза Қодирова, мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами 15-и шаҳри Хуҷанд мақоми аввали озмунро ба даст овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Оформление детского сада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявӣ Ҳанифа Валиева намояндагӣ мекунад

Бино бар иттилои манбаъ, мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Ҳисоботи эҷодии фаъолият”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорат нишон доданд.

“Ҳамин тавр, бо гирифтани холҳои муайян мураббияҳои МТТ хусусии “Дилоро” , МТТ№ 33, 38 ва 20 дар озмуни “Мураббияи сол” мавқеъи хешро соҳиб гардиданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки оғози соли ҷорӣ мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева “Мураббияи соли Тоҷикистон” гардида, бо Ҷом, 2000 сомонӣ маблағи пулӣ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” тақдим карда шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0