ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, даври ниҳоии озмун дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, бо иштироки намояндагони 6 шаҳру навоҳӣ аз рӯи 5 шарт баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 соли мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд таъкид намуд, ки Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни "Мураббияи сол", ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиш қарор медиҳад.