ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “MoneyGram” ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.
Дар ин бора дафтаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори навбатии Раёсати Бонк аз санаи 30 августи соли равон ва дар асоси моддаи 14 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва мутобиқи моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “MoneyGram” ба муҳлати се сол иҷозатнома дода шуд.
Масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ доир ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи май соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба низоми пардохти “BLIZKO” иҷозатнома дода буд.