Ҷамъбасти сафари раисиҷумҳур ба Суғд: Раҳмон таассуроташро гуфт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 24 август дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ баргузор кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷоикистон, дар кори машварат, Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расуловро натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи меҳмонхонаи Суғдиён дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон меҳмонхонаи "тақдирсозаш" - ро ифтитоҳ кард

Таъкид гардид, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ 102,8 фоиз таъмин гардида бошад ҳам, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи андоз дар 7 моҳи соли ҷорӣ таъмин нагардидааст.

Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят дар ҳафт моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи қариб 111 фоиз таъмин шуда бошад ҳам, вале ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 0,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар иҷрои нақшаҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

Сарвари давлат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш додаст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи шароиту имкониятҳо васеъ истифода баранд.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои ғайриқаноатбахши Ҳакимзода ҳангоми боздид аз ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоят, дар маҷмӯъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршудаи корӣ таъсис дода шудааст, ки аз он 5250 ҷойи кори доимӣ мебошад, афзуд манбаъ.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъкид шуд, ки тайи солҳои 2016 - нимсолаи аввали 2019 аз ҷониби мақомоти прокуратура аз 552 миллион сомонии зарари ба буҷет расонидашуда 268 миллион сомонии он барқарор гардид.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоиии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва инкишофи босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ба роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0