Раҳмон меҳмонхонаи "тақдирсозаш" - ро ифтитоҳ кард

© Котиботи раисиҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи меҳмонхонаи "Суғдиён" дар Хуҷанд
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи меҳмонхонаи Суғдиён дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳур дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯз дар ҳамин меҳмонхона иқомат кардааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фаъолияти Меҳмонхонаи замонавии "Суғдиён" оғози расмӣ бахшида, бо шароити хидматрасонӣ дар он аз наздик шинос гардидааст.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Арӯс таги чодар, шаҳбачаро бурданд: Раҳмон аз фоҷиаи оилавию нодорияшон гуфт-аксу видео

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, меҳмонхонаи замонавӣ аз 10 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президент, дар заминаи собиқ меҳмонхонаи "Ленинобод" навсозӣ гардида, бо муосиртарин шароиту имконоти хидматрасонӣ барои сайёҳону меҳмонон таъмин карда шудааст.

Котибот ёдоварӣ кардааст, ки меҳмонхонаи "Ленинобод" соли 1976 сохта мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо гузашти вақт зарурати таҷдиди он ба миён омадааст.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхонаи "Суғдиён" нахуст ба раисиҷумҳур лоиҳаи иншооти асосии таърихию сайёҳии сохташаванда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муаррифӣ карда шудааст.

Таъкид гардидааст, ки ба пешвози ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар вилояти Суғд бунёди наздики 7000 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла зиёда аз 40 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

Феълан дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият дорад ва барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод - Sputnik Тоҷикистон
Деҳқон буданд: Президент аз падараш гуфту котибот аксашро нишон дод – аксу видео

Меҳмонхона, дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс буда, имкони дар як вақт хидмат расонидан ба зиёда аз 300 нафарро доро мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо шароити хидматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон дар ин иншооти замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳону мизоҷони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дода, ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзишманд дар доираи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

"Раисиҷумҳур дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, маҳз дар ҳамин меҳмонхона ба таври шабонарӯзӣ иқомат намудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории кулли вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Аз шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари нави давлати соҳибистиқлол ба пойтахти кишвар рафт, афзудааст котибот.

Лентаи хабарҳо
0