Намоиш ва фурӯши китобҳои нав дар Хуҷанд ҳар шанбе бо амри Аҳмадзода

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд амр додааст, ки намоишу фурӯши китоб ва маҳсули дастони ҳунармандон баргузор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Масъулини Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ​ барои иҷрои амри Аҳмадзода тасмим гирифтанд, ки то 2-юми ноябри соли равон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши китобҳои тозанашру тозаворидро ташкил намоянд.

Кинорежиссер Бако Содик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бақо Содиқ: аз Тоҷикистон рафтани ман ҳукми тақдир буд

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд аз қавли маъмурини Китобхонаи вилоятӣ иттилоъ додааст, то имрӯз гурӯҳи китобдорон чор маротиба аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо осор ва корномаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, мероси адабии намояндагони адабиёти классикӣ, асарҳои адибони муосири тоҷик маҷмӯан қариб бо 100 нусха китоб шинос карданд.

Дар миёни асарҳо аз ҷумла "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Забони миллат - ҳастии миллат"-и  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, "Тоҷики оламшумул"-и Носирҷон Салимов, "Пешвои миллат – меъмори ваҳдат", аз мероси гаронбаҳои ниёкон девонҳои шеъри адибони классикӣ Носири Хусрав, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, асарҳо ва маҷмӯаҳои ашъори намояндагони адабиёти муосири тоҷик Сотим Улуғзода, Муҳиддин Аминзода, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Аъзам Сидқӣ, Усмон Олим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аюби Кенҷа Фарзона, Озарахш, Анвар Мирзоҳакими Олим мавриди шиносоӣ ва ошноӣ қарор гирифтаанд.

Детские книги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик" сазвори Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд

Ахиран Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод кард, ки таҷрибаи Узбакистон - ташкили китобхонаҳо дар масоҷид, дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ гардад.

Ба гуфтаи вазир ин як идея, пешниҳод аст, зеро дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба масоҷид зиёд буда, шаҳрвандон метавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз намоз ба мутолиаи китобҳо машғул шаванд.

Ӯ муҳим хонд, ки мардум бо мавъизаи воизон дар масоҷид маҳдуд нашаванду муносибати илмӣ дошта бошанд ва худашон мустақилона низ китобҳои динию дунявиро мутолиа кунанд.

Вазири фарҳанг зарур донист, ки наслҳои нав дар руҳияи китобхонӣ тарбия шаванд.

Лентаи хабарҳо
0