Бақо Содиқ: аз Тоҷикистон рафтани ман ҳукми тақдир буд

© Facebook / Muhiddin MahmudovКинорежиссер Бако Содик, архивное фото
Кинорежиссер Бако Содик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз Тоҷикистон рафтани ман ҳукми тақдир буд, вале ҳар як филми ман осоре аз Тоҷикистон дорад. Ман дар дили худ кӯҳҳои Тоҷикистонро ҷой дода, ба Узбакистон омадам, мегӯяд шоирона коргардони машҳур

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Бақо Содиқ, коргардони машҳури тоҷики узбакистонӣ ба сини мубораки 77 расид. Бақо Содиқ, ки яке аз бузургтарин коргардонҳои тоҷик унвон мешавад, имрӯз дар Тошканд солрӯзи худро дар ҳалқаи наздикону дӯстон таҷлил мекунад.

Sputnik Тоҷикистон аз кору рӯзгори ҳунарманди машҳур  пурсон шуд.

Аз Тоҷикистон рафтани ман ҳукми тақдир буд

Бақо Содиқ соли 1996 аз Душанбе ба Самарқанд кӯч баст. Дертар ба Тошканд рафт ва ҳоло дар пойтахти Узбакистон ба сар мебарад.  Ҳамин сол бо як фармони Шавкат Мирзиёев  шаҳрвандии Узбакистонро гирифт.

"Ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо сабаб шуданд, ки ман низ Тоҷикистонро тарк кунам. Чанд мушкилии буд, ки ман аз кишвар баромадам.  Аз Тоҷикистон рафтани худро ҳукми тақдир медонам. Ман Тоҷикистонро, кӯҳҳояшро ҳар як шаҳру деҳаашро дар дили худ ҷой дода ба Узбакистон овардаам", — мегӯяд Бақо Содиқ.

Бюст Садриддина Айни находящийся в его доме-музее, Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
Сода, вале бошукӯҳ: хонаи Айнӣ дар Самарқанд чӣ хотираҳоеро аз устод нигаҳ медорад

Хуни ман ба Тоҷикистон мекашид

"Вақте ки Донишкадаи театри Тошкандро хатм кардам, маро ба Самарқанд ба ҳайси саркоргардон ба кор даъват карданд ва ваъда доданд, ки бо маоши хуб ва манзил таъмин мекунанд. Аммо  ин пешниҳодро рад кардаму роҳ ба сӯйи Душанбе мегирифт, чуноне ки мегӯянд хуни ман ба Тоҷикистон мекашид", — афзуд вай.

Миллатгаро нестам

Бақо Содиқ мегӯяд, миллатгаро нест, аз сиёсат дур асту худро олуда кардан намехоҳад. "Ман миллатгароёнро намефаҳмам. Дунёро бояд бо нигоҳи дигар нигарист", — афзуд вай.

Коргардон дар посух ба суоли оё бо ҳамкорони тоҷикистониаш иртиботе дорад гуфт:

—  Чӣ аз Тоҷикистон ва чӣ аз Узбакистон чанд сенария пешниҳод гардида буд. Аммо онҳоро қабул карда наметавонистам, зеро аз фалсафаи кори ман дур буданд.

"Дар Узбакистон ба ман сенария филмеро дар бораи Бобур Мирзо ва духтараш пешниҳод карданд. Ё аз Самарқанд пешниҳод карданд, ки дар бораи Айнӣ филми ҳуҷҷатӣ гирам. Барои гирифтани филми ҳуҷҷати мутахассисон ҳастанд. Ман ба онҳо метавонам кӯмак кунам. Аммо ин корро пурра ба ӯҳда гирифта наметавонам. Ҳамин тавр ҳар дуро рад кардам", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи коргардон, ҳоло сенарияи филми тасаввуфиеро бо номи "Қайс" омода мекунад.

"Ба ҷараёни тасаввуф тамоми ҷаҳониён шавқ дорад. Шарқро аз ин нигоҳ муаррифӣ кардан мехоҳам", — гуфт вай.

Фарзандонам кори маро идома медиҳанд

 "Писари калониам бо роҳи ман рафт, ҳоло ба вай кӯмак мерасонам. Якҷоя кор мекунем. Писари хурдиам низ чанд маротиба дар филмҳои офаридаам нақш бозида буд, ҳоло дар Конада ба сар мебарад", — афзуд вай.

Бақо Содиқ афзуд, аз беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон хело шод аст. Ҳарчанд зоҳиран солҳои охир филмеро дар Тоҷикистон сабт накардааст, арзишҳои тоҷикӣ дар ҳар як филмаш таҷассум ёфтаанд.

"Бибиам аз Балҷувон буданд. Қисме аз умри ширини ман дар Тоҷикистон гузашт. Бо Гулрухсору Лоиқ,  Ато Муҳаммадҷону Маҳмудҷон Воҳидов дӯст будам. Қиссаҳи аҷибе дорем, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам", — гуфт вай.

Муҳиддин Маҳмудов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмудов: Бақо Содиқ пантуркист набуд, аммо дар Тоҷикистон ӯро ба гӯшаи фаромушӣ бурданд

­

Бақо Содиқ 13-уми июли соли 1941 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Вай Донишкадаи ҳунарпешагии Тошкандро хатм карда, чанд филми муштарак бо филмсозони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо ба навор гирифтааст.

Филмҳои машҳури Бақо Содиқ "Адонис — XIV", "Гирдоб", "Имом ал-Бухорӣ", "Бухорои Шариф" ва ғайраҳо мебошанд.

Ёдрас мешавем, охирҳои соли гузашта Муҳиддин Маҳмудов дар шаҳри Санкт-Петербурги  китоби "Филми Бақо Содиқ"-ро, ки ба қалами вай тааллуқ дорад, рӯнамоӣ карда буд.

© Фото : предоставлено Мухиддином МахмудовымОбложка книги Мухиддина Махмудова «Кино Бако Садыкова»
Обложка книги Мухиддина Махмудова «Кино Бако Садыкова» - Sputnik Тоҷикистон
Обложка книги Мухиддина Махмудова «Кино Бако Садыкова»

Дар ҳошияи рӯнамоии китоб  Муҳиддин Маҳмудов бо Sputnik Тоҷикистон мусоҳиба кард.

Маҳмудов гуфта буд, боиси нигаронист, ки дар Тоҷикистон Бақо Содиқ ба боди фаромӯшӣ рафтааст.

"Боре як режиссери машҳури ӯзбек дар суҳбат ба ман гуфт, ки "дӯстони тоҷики ман баъзан бузургонашонро қадр намекунанд". Ҳамоно пеши назарам акои Бақо омад, ки замоне ҳамаамон Тарковскийи тоҷик мегуфтему ҳоло дар гӯшаи хотири бисёриҳо нест. Бахусус масъулони соҳаи синамо ва фарҳанги Тоҷикистон беэътиноӣ мекунанд",- таъкид карда буд вай.

Ба гуфтаи ӯ,  дар Тоҷикистон дар соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳарчанд дар телевизион чандин маротиба саҳнаҳо аз филми Имом ал-Бухорӣ  намоиш дода мешуд, аммо номи муаллифро намегирифтанд.

Ёдрас мешавем, барои филми "Бухорои Шариф" дар соли 1993 Тоҷикистон Бақо Содиқро ба ҷоизаи "Рӯдакӣ" сазовор донистааст.

Лентаи хабарҳо
0