ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии "Санъати китоб" "Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик"-ро бо як овоз сазвори Шоҳҷоизаи озмун донистанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҶТ.
Донишномаи мазкур аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор ёфтааст.
Инчунин ду китоби дигар дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд: "Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон" (нашриёти Эр-граф) дар бахши "Гуфтугӯи фарҳангҳо" ва "Шиносоӣ ва хотира" (Н. Сафаров, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши "Адабиёти таьлимӣ ".
Китобҳои "Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ" (нашриёти Ношир) дар бахши "Нашри Иттиҳод" ва "Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"(Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши "Кишвари ман" сазовори ҷойҳои дуввуми озмун гардид.
"Дили Осиё. Тоҷикистон ва тоҷикон дар назми рус" дар бахши "Иттиҳод", "Биё шоҳмот мебозем" дар бахши " Китоб барои кӯдакону наврасон" дар бахши "Санъати ороиш", инчунин фотоальбоми "Хуҷанд" дар бахши "Арт-китоб" ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.
Инчунин аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд, ки ба "Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI" ва Донишномаи кӯдакони "Чӣ, кай, дар куҷо?", ки ҳар ду нашри Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик мебошанд, дипломҳои махсуси озмун супорида шавад.
Озмуни байналмилалии "Санъати китоб"-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ аз соли 2004 инҷониб баргузор мегардад.
Соли ҷорӣ дар озмуни мазкур зиёда аз 50 адабиёти тозанашр аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия ва Беларус иштирок намуда, ҳайати бонуфузи ҳакамон, ки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Беларус мебошад, ғолибони озмунро дар бахшҳои гуногун муайян намуданд.