ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Қамар Аҳрор. Холиқзода Файзимуҳаммад, раиси хоҷагии деҳқонии “Пайванд-9” дар ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, 1, 5 гектар замини пунбадонаро аз сари нав кишт кардааст. Ӯ гуфт, дар натиҷаи боронҳои зиёд, решаи пунбадонае, ки онҳо пештар кишт карда буданд пусид ва зироат аз сабзиш бозмонд. Дар ин ҳол онҳо водор шуданд, ки кишти пунбадоро аз сари навъ шурӯъ кунанд.
"Маҷбур боз тухмӣ харидем"
“Санаи 8-уми апрел дар майдони 2 га пунбадона кишт карда будем. Барои ин ба маблағи 1500 сомонӣ тухмии навъи “Вавилон” ва “Чемпион” харида ва ҳамаи онро дастӣ коридем. Аммо аз ҳисоби боронҳои зиёд, намнокии замин баланд буд. Даровардани техника ва гузаронидани коркарди он ғайриимкон шуд. Дар натиҷа решаҳои пунбадона пусид. Дар рӯзи 5 -уми май дар 1, 5 га ин замин кишти пунбадонаро аз нав гузаронидем. Барои ин боз 100 килои дигар тухмӣ харидем. Ҳоло ба коркарди он машғулем”, - изҳор дошт Холиқзода.
Хоҷагии деҳқонии “Пайванд - 9” ба ҳисоби 2 га замини пахта, 0, 5 га боғ ва 0, 5 гектари дигар замин барои кишти ҷуворимакка ҷамъ 3 га замин дорад ва он василаи аслии кору дарёфти рӯзӣ барои аъзои хонаводаи Холиқзода Файзимуҳаммад дар ноҳияи Масчоҳ ба ҳисоб меравад.
Боронҳои пайдарпай ба боғи хоҷагии онҳо низ зарар расонд. Раиси хоҷагии деҳқонии “Пайванд-9” афзуд, аз таъсири боду ҳаво меваи дарахтони боғи онҳо тосидаву нобуд шудаанд. Онҳо солона аз ҳисоби 0, 5 га боғи худ 700-800 кило ҳосил мефурӯхтанд, вале то ҳол аз боғи гелос як кило ҳосил ба даст наовардаанд.
Меҳнати дубораи Санавбар: 35 сомонӣ ҳақмузд дар 1 рӯз
Санавбар Қаҳҳорова аз шумори занони пунбапарвари Бригадаи № 4 дар Кооперативии тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов”-и ноҳияи Б. Ғафуров мегӯяд, боришоти боронҳои баҳори имсол ба зиёд шудани машаққат дар кори пунбапарварии онҳо боис гардид. Ҳоло бори сеюм аст, ки ӯву дигар кормандони хоҷагиаш бо зӯри каланд дар чунин киштзорҳо коркард мегузаронанд.
“Аз ҳисоби таъсири боду ҳаво як дафъа кишти зироат насабзид. Дар охирҳои моҳи апрел онро вайрон карда, аз сари нав киштем. Худоро шукр, ки ин бор нашъунамои пунбадона хуб аст. Ҳоло бори сеюм аст, ки майдони пунбадонаро коркард намуда, аз алафҳои бегона тоза мекунем”, - зикр кард Қаҳҳорова.
Санавбар Қаҳҳорова гуфт, ки ҳоло барои ҳар рӯзи кораш дар саҳро 35 сомонӣ ҳақмузд мегирад ва аз ин ҳисоб ҳамроҳи хонаводааш иборат аз келину набераҳояш зиндагӣ мекунад.
Кооперативи тиҷоратии ба номи “Ҷаббор Расулов”-и ноҳияи Б. Ғафуров даҳҳо га замини кишоварзӣ дар ихтиёр дорад ва 62 гектари он ба бригадаи № 4 тааллуқ дорад, ки ҳамасола дар чунин майдон пунбадона кишт карда мешавад.
Насимҷон Рустамов, ҳисобдори ин бригада дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар поёни моҳи марти имсол ба кишту кори пунбадона дар 62 га замин сар карданд, аммо аз ҳисоби боронҳои зиёд ва паст шудани ҳарорат дар моҳи апрел наздик ба нисфи кишти пунбадонаи онҳо дуруст насабзид. Дар чунин вазъ онҳо майдони 20 гектар пунбадонаро аз нав кишт кардаанд.
“Мушоҳида кардем, ки дар 20 га майдон то 80% ва дар 42 гектари дигар то 50% тухмии пунбадона насабзидааст. Дар 20 га замин аз сари нав кишт гузаронидем. Дар маҷмӯъ барои ин мо, 10 тон, тухмӣ ба ҳисоби ҳар килои онро 35 сомонӣ харида будем”, - тавзеҳ дод Рустамов.
Ба гуфтаи Насимҷон Рустамов, соли гузашта онҳо аз 62 га замини кишт беш аз 300 тонна ҳосили пунба ба даст оварда буданд. Ин ҳосили ба даст омада, ҳарчанд назар ба солҳои қаблӣ камтар аст ва ба ҳисоби миёна ба 50 сентнер гуфта мешуд.
Дар ҳамин ҳол кишоварзон аз асароти боронҳои баҳорӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод низ таъкид меварзанд.
Деҳқонону хоҷагидорон дар ҷамоати деҳоти “Куруш”-и ноҳияи Спитамен иброз намуданд, ки борони шаби 7-ум замини харбузаи онҳоро хароб кардааст.
Кишоварз: кишти дубораи харбуза имкон надорад, дер шуд
Алиҷон Норматов аз кишоварзони ин ноҳия гуфт, ки 3 га аз 5 га замини кишташ нобуд шудааст. Ӯ гуфт, ки ин ҳол барои ӯву хонаводааш зарар расонд ва онҳо имсол дигар наметавонанд дар ин 3 га замини кишти харобгаштаашон, аз сари нав харбуза парвариш кунанд, зеро мавсими кишти он гузаштааст.
“Аз 20-уми июн ҷамъоварии ҳосили харбуза оғоз меёбад ва то моҳи сентябр давом мекунад. Аз ин лиҳоз аз нав кишт гузаронидани харбуза имкон надорад”, - мегӯяд Норматов.
Ин деҳқони харбузапарвар иброз намуд, ки 5 га замини харбузазорашро бо ҷалби 10 коргари кироя, тӯли чанд рӯз, бо харҷи 400 сомонӣ коркард намуд, аммо ҳоло самараи кори ӯву аъзои хоҷагиаш ҳама барбод рафтаанд. Баъд аз чанд рӯзи коркард, киштзори онҳо аз таъсири борони сахти рӯзи 7-уми июн хароб шуд.
Ҷумъабой Раҷабов, раиси хоҷагии деҳқонии “Қарасаққол” дар ноҳияи Зафаробод мегӯяд, боронҳои зиёди баҳорӣ ба киштзорҳои ин ноҳия низ беасар намондааст.
“Имсол меҳнати деҳқонон аз солҳои пеш дида зиёд шуд. Аз сабаби дуруст нашъунамо накардани пунбадона, зиёд хоҷагидорон зироати худро аз нав кишт карданд. Замини киштро нав накарда ҳам наметавонистанд, чунки дар Зафаробод мардум асосан аз ҳисоби замин зиндагӣ мекунанд”, - зикр кард Раҷабов.
Соли ҷорӣ хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дар майдони 14 000 га кишти пунбадона гузаронидаанд. Соли гузашта аз ин майдон кишти пунбадона ба ҳисоби 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки назар ба соли 2017, 6 сентнер кам гуфта мешавад. Сабаби коҳиш ёфтани ҳосили пахта назар ба солҳои қаблиро кишоварзон ба таъсири боду ҳаво ва сари вақт обёрӣ нашудани киштзорҳо маънидод мекунанд.
Сардори сарраёсат: аз 58,8 ҳазор гектар 6,8 ҳазораш хароб шуд
Бобозода Хайрулло, сардори сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки соли ҷорӣ дар майдони 58 ҳазору 813 га кишти пунбадона дар вилоят гузаронида шуда, бино бар носозгориҳои табиат 6 ҳазору 858 гектари он вайрон шуда ва аз сари нав кишт карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 160 га, Б. Ғафуров 1 588 га, Зафаробод 621 га, Конибодом 263 га, Масчоҳ 974 га, Спитамен 1 816 га, ва ноҳияи Ҷ. Расулов дар майдони 1 436 га вайрон шуда, деҳқонон аз сари нав кишти пунбадона гузаронидаанд.
Соли гузашта дар Суғд дар 57 ҳазору 180 га замин пунбадона кишт шуда, аз ин ҳисоб беш аз 115 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 19, 5 сентнерӣ аз ҳар 1 гектар баробар будааст.
Бобозода Хайрулло гуфт, ҳоло ҷараёни коркарди кишти пунбадона дар хоҷагиҳои Суғд идома дорад ва онҳо талош мекунанд саривақт кишти зироатро бо об таъмин намоянд то деҳқонон аз зироати худ ҳосили хуб гиранд.
Соҳои охир кишти пунбадона дар кишвар зери рӯйпӯшҳо – “пленка” гузаронида намешавад, зеро вазъи иқтисодии хоҷагидорон барои ин кор имкон намедиҳад.
Ҳавошинос: имсол "депрессияи атмосферӣ" зиёд буд
Абдувалӣ Ҳомидов, сардори маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд иброз намуд, ки дар баҳори имсол дар харитаи синоптикӣ ҷараёнҳои депресияи атмосферӣ зиёд дида шудааст. Вай гуфт ин ҷараёнҳо дар баландӣ ва бо вазни зиёд дар атмосфера қарор доштанд ва то 20-25 метр вазиши шамоли атмосфера онҳоро то дер дур сохта натавонистааст. Аз ин ҳисоб боришот назар ба дигар солҳо бештар буд.
“Аз ҷониби дигар инро мешавад тағйирёбии иқлим аз ҳисоби зиёд хориҷ шудани газҳои гулхонаӣ, дуди нақлиёту коргоҳҳои саноатӣ дар иқлими сайёра номид. Моддаҳое, ки аз таркиби газҳои гулхонаӣ хориҷ мешаванд, қабати болоии заминро мепушонанд ва то дер бухор ношуда боқӣ мемонанд. Ҳатто ба ҷараёни бухоршавии онҳо шунаҳи нурҳои офтоб низ то дер кӯмак карда наметавонад”, -афзуд Ҳомидов.
Аз ноумедиҳо басе умед аст...
Кишоварзони тоҷик мегӯянд, агар ҳам боду боришот ҷайби онҳоро хароб карду меҳнати пурмашаққати деқониро барояшон зиёд сохт, бо ин вуҷуд онҳо ноумед нестанд. Ба қавли яке аз деҳқонони масчоҳӣ намешавад дар муқобили гардишҳои табиат истодагарӣ карду аз он зӯр буд. Агар ин бор нашуд, дафъае баъд ҳосили зироати онҳо хуб шуда ин ҳама харҷу марҷи онҳо бароварда хоҳад шуд. Бо ин умед аксар кишоварзони тоҷик саргарми кори деҳқониянд ва шукр мекунанд, ки аз роҳи ҳалол рӯзии худро дарёфт карда метавонанд.