Роҳҳову заминҳо хароб шуданд: КҲФ сели рӯзи таҷлили Иди Фитр дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод

© Саҳифаи Навиди Суғд дар ФейсбукОқибатҳои сели азим дар Панҷакент
Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи сед дар Панҷакент як нафар ҳалок ва як тан бенишон шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ роҳҳову заминҳои корам тахриб шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода офати табии рӯзҳои 4 ва 5 июнро дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ шарҳ додааст.  Манбаъ ҳалокати як тан дар шаҳри Панҷакент ва бенишон шудани нафари дигарро дар пайи сел тасдиқ намуда, афзудааст, ки дар пайи офати табиии рӯзи 5 июн дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои корам ва таҳхонаҳо зери об монда, роҳҳо хароб шуданд.

"4-уми июни соли равон дар деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати Ёрии наздикии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел як хонаи истиқоматиро вайрон кард. Мутаассифона, дар ин офати табиӣ ду сокини шаҳри Душанбе, ки меҳмони ин хонадон буданд, ба ҳалокат расиданд. Ҷасади яке аз онҳо сари вақт пайдо шуда ва ҷустуҷӯи марди 55-солае, ки бидуни нишон ғайб задааст, идома дорад", - менавсиад манбаъ.

Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Ҷабинҳои хуншору манзилҳои зери лой: 10 акс аз ҷойи ҳодиса - офати табиӣ дар Панҷакент

Гуфта мешавад, феълан дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷекат ва наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон фаъолият доранд. 

Ҳамин тавр, 5 июн боришоти шадид сабаби омадани сел аз ҷониби деҳшӯрои Лоҳур ба деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳия Рӯдакӣ шудааст.

Бар асари он 80 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва таҳхонаи хонаҳои истиқоматӣ зери об монданд. Ғайр аз ин офати табиӣ ба заминҳои кишт ва роҳи мошингард зарар овард. Ин офат хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.

дар ҳамин ҳол, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид дар ҳудуди кишвар то 7 июн боқӣ монда, "боришҳои пуршиддат имрӯз ва рӯзи оянда метавонанд сабаби рӯйдоди нохуш шаванд".

"Омадани сели азим бар асари ин боришот, лағзиши тарма, резиши санг эҳтимол дорад. Гармии ҳаво метавонад сабабгори нармиши теппаҳо ва лағзиши хок шавад, барфи обшуда сатҳи оби рӯдхонаҳоро боло мебарад. Ва ҳамаи ин хатаре дорад, ки сокинон бояд эҳтиёт кунанд", - омадааст дар ҳушдори КҲФ.

В Пенджикенте двух людей унесло селевым потоком - Sputnik Тоҷикистон
"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошанд.

Рафтан ба манотиқи кӯҳӣ ҷиҳати тайёр кардани ҳезум, ғунучини гиёҳҳову рустаниҳои фоидаовар, чорвочаронӣ маслиҳат нест. Ҳамчунин хуб мешуд агар аз сафарҳои безарурат аз роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Дар ин рӯзҳо ҳамчунин рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо низ маслиҳат нест. Истироҳати худро хуб мешуд агар то ба рӯзҳои дигари офтобиву бебориш мавқуф мегузоштед.

КҲФ аз падару модарон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо кӯдакони худро беназорат нагузоранд. Раъду барқ, боронҳои пуршиддат ва хавфи ногаҳон омадани сел таҳдид мекунад. Дар ин гуна ҳолатҳо кӯдакон бояд ҳатман зери назорати волидон бошанд.

Дар ҳамин ҳол, кумита иттилоъ намедиҳад, ки дар кадом минтақаҳои кишвар хатари рух додани офати табиӣ бузург аст.

Лентаи хабарҳо
0