Раиси Хатлон ба хабаргирии деҳқонҳои зиёндида аз жола рафт

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор аз мавзеи жолазадаи хоҷагиҳои деҳқонии “Бахтиёр-01” ва “Ҷурахон Қаюм” боздид кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ба Ҳакимзода гузориш дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии Ҷурахон Қаюм дорои зиёда аз 27 гектар замин буда, дар он 83 саҳмдор фаъолият мекунанд.

Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон ба аёдати ягона генерал-зани тоҷик Саодат Амиршоева рафт

“Дар 22-гектари он кишти пахта гузаронида шуда, дар боқимондааш гандум ҷуворимакка ва дигар навъи зироат кишт карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.    

Хоҷагии деҳқонии Бахтиёр-01 бошад 16-гектар заминро дар бар гирифта, дар он 24 саҳмдор кор мекунанд. 

Дафтари матбуоти раиси Хатлон афзуд, хоҷагидорон барои аз нав шинондани пунбадона тариқи дастӣ дар қитъаҳое, ки ниҳоли пахта пурра нест шудааст, кор карда истодаанд.

Хоҷагидорон изҳор доштаанд, ки пеш аз боридани жола  нашъунамои пахта ва зироат хуб буд, аммон боридани жола дар санаи 25-майи соли равон ва номусоидии обу ҳаво шиддат гирифта, ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ зарар расонидааст.

Лентаи хабарҳо
0