ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-14 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.