Сокини Душанбе барои узвияташ дар ДОИШ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини пойтахти Тоҷикистон ба гурӯҳи террористиии ДОИШ ҳамроҳ шуда, кушиш намудааст хеши худро низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ намояд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷоновичро, барои пайвастанаш бо гурӯҳи террористти ДОИШ ба муҳлати 18 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бельгия экстрадировала россиянина, состоявшего в ИГ* - Sputnik Тоҷикистон
Имомпошо Аҳмадов - як ҷангии ДОИШ ба Русия истирдод шуд - ВИДЕО

Номбурда 14 январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, нисбати номбурда бо моддаҳои 4011 ва 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Бо ҳукми додгоҳи  шаҳри Душанбе Раҷабалиев Иномҷон бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ба муҳлати 18 сол аз озоди маҳрум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки тахминан моҳи феврали соли 2019 аъзои гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” Устобоева Саломатхон, бо истифода аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба рақами телефони мобилии Раҷабалиев И.М. занг зада, ӯро барои пайвастан ба ҷиҳод даъват намудааст.

Ҳамин тавр Устобоева Саломатхон бо мақсади ҷалб намудани Раҷабалиев И.М. ба сафи аъзои ТТЭ “Давлати Исломӣ” тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ худро  ба номи мустаори “Hadicha” муаррифӣ намуда, маводҳои таблиғотии ДОИШ ва видеонаворҳои онҳоро ирсол намудааст.

Бойцы шиитского ополчения Хашд аш-Шааби (Силы народного ополчения), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навҷувонов гуфт, ки Тоҷикистон кадом шаҳрвандони "доиш"-иашро бахшид

Раҷабалиев дар навбати худ маводҳои таблиғоти ва видеонаворҳои ирсол намударо омӯхта, бо мақсади ба дигар шахсон ирсол намудан, дар телефони мобилиаш нигоҳ доштааст.

“Ҳамин тариқ, Раҷабалиев И.М. бо даъвати Устобоева С.Р. аъзои ТТЭ “Давлати Исломй” гашта, бо дигар аъзоёни он, аз ҷумла, "UstozAbuXolid" Устобоев Рахматулло ‘Қудратуллоевич, “Абу Аҳмад”, “Салоҳиддин” ном шахсон шинос шуда, бо онҳо дар бораи ҷиҳод, сухбатҳо кардааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Сипас Раҷабалиев И.М. бо мақсади анҷом додани ҷиҳод аз Устобоева С.Р. роҳу усули ба вилояти Хуросони Афгонистон ворид шуданро пурсон шуда, ба ӯ тавсия медихад, ки дар ин хусус бо аъзои дигари ташкилот бо номи мустаори “Абу Аҳмад” ҳамсуҳбат шавад.

Раҷабалиев И.М. 10 январи соли равон ба аъзои ин ташкилот бо номи мустаори “Абу Аҳмад” тамос мегирад ва доир ба сафар намуданаш ба Сурия бо максади иштирок дар ҷиҳод ва мубориза бар зидди Ҳукумати конунии он, кофирон ва сарбозони Амрико пурсон шуда, интизори дастуру супоришхои “Абу Аҳмад” шудааст.

Мужчина смотрит телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми зиндони собиқ муҳаррири телевизиони “Кӯлоб” барои “класс”-монӣ ва таблиғи “ДОИШ”

“Баъди аз худ кардани ақида ва максадҳои ТТЭ “Давлати Исломӣ” ва минбаъд зиёд намудан сафи ташкилоти мазкур, ӯ ба ҷалб намудани дигар шахсон ба сафи он машгул шуда, 15 октябри соли 2018 бо максади ҷалб намудани хешовандаш Ҳалимҷонов Наимҷон ба сафи ташкилоти номбурда аз гуруҳҳои мансуб ба ин ташкилот амри маъруф ва видеонаворхои ТТЭ “Давлати Исломӣ” вобаста ба ҷиҳод равона шударо дастрас намуда, ба охирин ирсол карда, амалҳои аъзоёни ташкилоти номбурдаро, ки дар Сурия ва Ироқ анҷом дода мешаванд ба пуррагӣ дуруст шуморидааст”,- зикр намудааст додситонии кулли Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0