ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Абдулло Навҷувонов, муовини вазири ВУД Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон барои ба ҳаёти осоишта мутобиқсозии шаҳрвандони аз минтақаҳои даргирии Ироқу Сурия баргаштааш, тамоми чораҳоро меандешад.
"Тоҷикистон барои мутобиқшавии шаҳрвандони роҳгумзада ва аҳли хонаводаҳои онҳо, ки доми террористон афтоданд, аҳамияти махсус медиҳад", - гуфт Навҷувонов дар конфронси "Ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои сармоягузори он".
Ба гуфтаи вай, дар солҳои 2017-2018 10 узви гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба кишвар баргаштанд.
"Нафароне, ки аз карда пушаймон шуданду исбот карда тавонистанд, ки дар задухӯрдҳои ҷониби ДОИШ иштирок накардаанд, авф шуданд. Мақомот барои мутобиқшавии онҳо ба зиндагии муқаррарӣ ва таъмини ҷои кор чораҷӯӣ мекунад", - афзуд вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои даргирӣ феълан шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мондаанд, ки мақомот мехоҳанд онҳоро баргардонанд.
Ёдрас мешавем, Тоҷикистон чанде пеш 84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ баргардонид.