ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳ, Холматов, собиқ муҳаррири телевизиони “Кӯлоб” ва ҳамкори ширкати “Лото спорт” мебошад, ки соли 2013 маблағҳои ширкатро масраф карда, худи ҳамон сол барои исрофкорӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст.
Тафтишот муайян кардааст, ки ӯ соли 2013 дар зиндон аз Саид ном маҳбус тарзи хондани ҳуруфоти арабиро аз худ намуда, баъди ба озодӣ баромадан моҳи октябри соли 2016 ба Русия рафтааст. Манбаъ афзуд, ки Холматов бар асоси қонуни афв соли 2016 пеш аз муҳлат ба озодӣ баромадааст.
Бар асоси иттилои мақомот, Холматов дар Русия тариқи "Ютуб" маводи “ДОИШ”-ро тамошо карда, ақидаҳои ин созмони террористиро қабул намудааст. Сипас соли 2017 ҳангоми дар Тоҷикистон қарор доштанаш худро дар барномаи интернетии радиои “Зелло”, шабакаи “Роҳнамо” бо номи мустаори “Muslim” сабт карда, бо аъзои фаъоли ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” суҳбат ва ғояҳои ташкилоти мазкурро ҷонибдорӣ намудааст, иттилоъ дод додгоҳи Душанбе.
Бар асоси иттилоияи додгоҳ, сипас Холматов 12 сентябри соли 2018 худро дар сомонаи иҷтимоии “Одноклассники” бо номи мустаори “Imam Mahdi Khalifatul islam” ба қайд гирифта, ба даъвати шаҳрвандон ва паҳн кардани аксу наворҳои марбут ба ин ташкилот машғул гаштааст.
“Ба ғайр аз ин, Азиз Холматов барои зиёд намудани нуфузи ташкилоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои марбут ба ин ташкилоти террористиро тариқи баҳогузорӣ – “класс” ва дар равзанаи хабарҳояш гузошта, ба рафиқонаш, ки дар сомонааш 7 нафар буданд, паҳн кардааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Манбаъ афзуд, ки Холматов дар саҳифааш бо номи мустаор дар шабакаи “Однокласники” парчами “Давлати исломӣ”- ро ҷойгир намуда, суроғаи зисташро шаҳри Раққаи Ҷумҳурии Арабии Сурия нишон додааст. Ба иттилои додгоҳ, Холматов бо аъзои фаъоли ин ташкилот алоқа пайдо карда, маводи марбут ба “ДОИШ”-ро бознашр мекардааст.
Холматов 14 октябри соли 2018 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шуда, ахиран бо ҳукми додгоҳи Душанбе ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.