Имомпошо Аҳмадов - як ҷангии ДОИШ ба Русия истирдод шуд - ВИДЕО

Обуна шудан
Имомпошо Аҳмадов аз соли 2014 дар ҷониби гурӯҳи террористии ДОИШ дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардааст

Як шаҳрванди Русия, Имомпошо Аҳмадов аз Белгия ба Русия истирдод шуд.

"ФСБ ва Додситонии кулли Русия якҷо бо Интерпол ва ФСИН истирдоди шаҳрванди Русия Имомпошо Аҳмадовро, ки ба пайгарди байналмилалӣ эълон шуда буд, ташкил карданд", - хабар медиҳад ФСБ Русия.

Аҳмадов аз соли 2014 узви ДОИШ (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) буд ва дар амалимётҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок дошт.

Баъди ширкат дар амалиёти ҷангӣ Имомпошо аз Сурия ба Аврупо рафтааст.

Моҳи июни соли 2018, ин шаҳрванди Русия дар Брюссел дастгир ва ҳабс мешавад. Белгия баъди расман огоҳӣ шудан аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбати Аҳмадов дар Русия, розӣ шудааст, ки ӯро ба Маскав истирдод кунад.

Лентаи хабарҳо
0