Ҳунармандони Суғд Дамирбек Олимов, Икром Исломӣ ва Ихтиёр Ёрматов ҷарима шуданд

© Bill SelakМикрофон, архивное фото
Микрофон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони андоз фаъолияти чандин ҳунармандони Суғд, аз ҷумла Икром Исломӣ, Дамирбек Олимов ва Ихтиёр Ёрматов санҷиш намуда, онҳоро барои камбудиҳои ҷойдошта ба 7425 сомонӣ ҷарма намуданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik.  Раёсати андоз дар вилояти Суғд  фаъолияти  сарояндаҳову навозандаҳо ва банаворгирандаҳое, ки барои тую сури мардум хизмат мекунанд, мавриди санҷиш қарор додааст.

Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима - Sputnik Тоҷикистон
"Чойгаштак" кард ва ҳамсинфони духтарашро даъват кард: падари арӯсро ҷарима карданд

Санҷиши кормандони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳунармандон дар тую сури мардум хизмат мерасонданду фаъолияти онҳо берун аз қайди мақомоти андоз сурат гирифтааст.   

Раёсати андоз дар вилояти Суғд, фаъолияти навозандаҳо аз ҷумла  дастаи карнайнавозони “Садои Унҷӣ”-ро санҷиш намуда муайян намудааст, ки бо як патент ба номи роҳбари гурӯҳ, шаш нафари дигар  фаъолият мебурданд.

“Санаи 4 - уми марти соли 2019 ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар тарабхонаи “Ҷавонӣ”-и  шаҳри  Хуҷанд сарояндаи шинохтаи вилоят Қобилов Икром Исломович, (Икром Исломӣ), бе қайди давлатии нозироти андоз ба сурудхонӣ машғул шудааст, ки нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сароянда ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ва ё ба маблағи 1650 сомонӣ ҷарима шуд”, - гуфт Раёсати андоз дар вилояти Суғд.  

Инчунин Раёсати андоз дар вилояти Суғд таъкид намудааст, ки   санаи 26-уми март ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар тарабхонаи “Мирзоён” и шаҳри Хуҷанд сарояндаи ҷавон Азимов Низомҷон Салимович (Низомҷон Азимов), маълум гардид, ки номбурда, ҳамчун навозанда ба мақомоти андоз ба қайд гирифта, дар асл аз моҳи январи соли 2018  ба сурудхонӣ машғул шудааст.

Фемида - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ дар Душанбе муаллимаро 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима баст

Ҳаминтариқ дар давраи санҷиши гурӯҳӣ нисбати шаш нафар сарояндагон, аз ҷумла Икром Исломӣ, Дамирбек Олимов, Ихтиёр Ёрматов протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии  7425 сомонӣ ҷарима таъин кардааст.

Раёсати андоз дар вилояти Суғд дар ниҳояти кори санҷишӣ 5 нафар сароянда,13 нафар навозанда ва 20 нафар банаворгирандаро ошкор намуда онҳоро ба қайд гирифта ва фаъолияти онҳоро бо патент таъмин намудааст.  

Бино ба иттилоъи мақомоти андоз дар вилояти Суғд ба ҳолати 1- уми апрели соли 2019 дар миқёси вилоят мувофиқи феҳристи ягонаи давлатӣ 95 нафар сароянда, (сурудхонҳо), 277 нафар навозандагон, дар мақомоти андоз ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба  ҳамин давраи соли гузашта шумораи сарояндагон 16 нафар, ва навозандагон 37 нафар зиёд шудааст.  

Мавзӯъи пардохти андоз аз фаъолияти сарояндагӣ дар тую маъракаҳои мардумӣ чандест, ки дар сархати расонаҳо мечархад. Чанд вақт пеш мақомоти андоз руйхати сарояндаҳои аз пардохти молиёт қарздорро интишор карда буд, ки он ҷо исми маъруфтарин сарояндаҳои кишвар ба мисли Садриддини Наҷмиддин ҳам дида мешуд. Аммо худи Садриддин инро рад мекард ва мегуфт, ки дар ҳоле мақомот ӯро аз пардохти қарздор мебароранд, фаъолияти сарояндагии ӯ чандест, ки берун аз кишвар сурат мегирад.

Араш Лабаф  - Sputnik Тоҷикистон
Орашро дар Узбакистон 25 ҳазор доллар ҷарима карданд

Тоҷикистон ба думболи қабули Қонуни  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ” фаъолияти ҳунармандон сар аз сарояндаву навозанда то барандаву ошпазро танзим карда, барои ҳар кадом чунин хизматрасонҳо дар тую маъракаи мардум гирифтани патент ҷорӣ намуд. Ин муваззафот барои камхарҷ гузаронидани тую маросимҳои мардумӣ унвон карда мешуд. Аммо худи ҳунармандон ин муқараротро сабаби боз ҳам гарон шудани маъракаҳои мардум маънидод мекардад. Зеро ҳаққи патенти сарояндаву навозандаву наворгирандаву ошпазу баранда боз ҳам аз ҷайби соҳиби маърака пардохта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0