Орашро дар Узбакистон 25 ҳазор доллар ҷарима карданд

© AP / Arthur MolaАраш Лабаф
Араш Лабаф  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони машҳури эронитабор бо далели лағви як консерташ дар Узбакистон, бояд 25 ҳазор доллар ҷарима супорад. Дар ин бора додгоҳи иқтисодии Тошканд қарори вижаеро ба тасвиб расонидааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои Узбакистон, ширкати узбакиии Nigora Media Group, ки ба ташкили консерт машғул аст, ширкати шведии Extensive Music Sweden AB-ро, ки Арашро намояндагӣ мекунад, ба додгоҳ кашидааст.

Кашмакашиҳои ду ширкат дар додгоҳ пас аз лағв шудани як консерти Ораш дар моҳи октябри соли 2017 дар Тошканд сар шудаанд.

Намояндагони ширкати Nigora Media Group гуфтаанд, ки Ораш новобаста аз он ки бо ширкат қарордод дошт, аз сафар ба Узбакистон  даст кашид. Узбакистон 50 дарсади гонорари овозхонро пардохт карда будааст.

Ба гуфтаи роҳбари Nigora Media Group  ширкат барои лағв гаштани консерти Ораш 50 ҳазор доллар зарари молӣ дидааст.

Гуфта мешавад, нусхаи қарори додгоҳи Узбакистонро ба Ораш ирсол кардаанд, аммо ӯ то ҳол ҷаримаро насупурдааст. Ширкат мақсад доштааст, ки ба додгоҳи Шветсия муроҷиат кунад. Ораш шаҳрванди Шветсия аст.

Лентаи хабарҳо
0