Додгоҳ дар Душанбе муаллимаро 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима баст

© Flickr \ Emmanuel HuybrechtsФемида
Фемида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омӯзгори 47-солаи Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии №52-и пойтахтро 18,2 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳ, Мавҷигул Эгамова дар он гунаҳкор дониста шудааст, ки моҳи марти соли 2018 бархилофи қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозии амал намуда, бидуни дастрас намудани қарор ва иҷозат барои сохтмон, худсарона қитъаи заминро дар суроғаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи И.Соатов, собиқ Чашмасор ишғол намудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раёсати нав ташкил дод

Бар асоси иттилоияи додгоҳ, масоҳати замини ишғолкардаи муаллима 300 метри мураббаъ буда, ӯ дар масоҳати 38 метри мураббаъ таҳкурсии бетонӣ рехта, сохтмони бинои манзили истиқоматиро ба роҳ мондааст.

Дар пайи баррасии парванда додгоҳ барои Эгамова ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 18 ҳазору 250  сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардаст.

Ин дар ҳолест, ки расман дар навбати замин дар шаҳри Душанбе аз соли 1985 то ҳол даҳҳо ҳазор нафар истодаанд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бо зам кардани заминҳои нав ба ҳудуди пойтахт ба тақсими замин барои ниёзмандон марҳила ба марҳила оғоз хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0