"Чойгаштак" кард ва ҳамсинфони духтарашро даъват кард: падари арӯсро ҷарима карданд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешТаджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима
Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Халима - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Падари арӯс дар манзили истиқоматиаш бо даъвати хешовандон ва ҳамсинфони духтараш Матлуба Пардаева тӯйи арӯсии (чойгаштак)-ро бо додани зиёфат барпо намудааст.

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Дар ноҳияи Кӯшониён як сокини ноҳия - падари арӯсро баъди баргузор кардани маъракае дар тӯйи арӯсии духтараш ҷарима карданд.

Тавре Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, Пардаев Чалғаш Буриевич, сокини ноҳияи Кӯшониён, талаботи моддаи 10, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, 10 ноябри соли 2018 аз соати 19:00 дар манзили истиқоматиаш бо даъвати хешовандон ва ҳамсинфони духтараш Матлуба Пардаева тӯйи арӯсии (чойгаштак)-ро бо додани зиёфат барпо намудааст.

Букет цветов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи падари арӯс ва шарҳи додситонӣ: тӯй бояд чигуна гузарад?

Рӯзи дигар бошад, 11 ноябр аз соати 10:00 то соати 13:00 бо даъвати ҳамсоягон ва хешовандон, маъракаи тӯйро бо додани таом гузарондааст.

Прокурори ноҳияи Кушониён аз рӯи ин ҳолат нисбати Ҷ. Пардаев бо моддаи 481 қимси 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Бо қарори суди ноҳияи Кушониён Ҷ.Б. Пардаев ҷарима карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0