Зани тоҷик аз шавҳари “бомж”-шудааш рӯй гардонд: қиссаҳои “Жди меня” дар Тоҷикистон

© SputnikБаҳринисо Абдураҳмонова, мудири созмони ҷамъиятии "Диёр" дар Хуҷанд
Баҳринисо Абдураҳмонова, мудири созмони ҷамъиятии Диёр дар Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баҳринисо Абдураҳмонова, мудири ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” ва яке аз занони фаъоли Тоҷикистон дар бораи ҳамкорияш бо барномаи “Жди меня”, кор бо бехона – “бомж”-ҳо ва ташкили тӯйи мубталоёни вируси норасоии масунияти одам – ВНМО дар Суғд суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Хонум Абдураҳмонова мегӯяд, ҳамкорӣ бо барномаи байналмиллалии “Жди меня”-и шабакаи аввали Русияро ихтиёрӣ ва ризокорона пеш гирифт. Ӯ зикр кард, соли 2006, замоне ки масъули чопи ҳафтаномаи хусусии “Программа ТВ” дар Хуҷанд буд, баъди дарёфти муроҷиатҳои зиёд барои пайдо кардани бедаракшудаҳо тасмими кумак ба корафтодагонро гирифт.

Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
"Разбор"-и наврасону гумшавии кӯдакон: генерал гуфт ба ҳар мактаб милиса вобаста шуд

Баҳриниссо Абдураҳмонова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қиссаҳои талху ширин, ҷудоӣ ва васл, баъзан рӯйгардонӣ аз наздикону машаққатҳои кофтукобро баён дошт. 

Ӯ гуфт, нахуст дар “Программа ТВ” гӯшае бо номи “Жди меня” сохт ва чун фаҳмид барномаи “Жди меня”-и телевизиони Русия дар Тоҷикистон ҳамкоре надорад, ба сифати коргари ихтиёрӣ ба масъулини он ҳамкориро пешниҳод намуд. 

“Онҳо аз ин тасмими ман хурсанд шуданд ва мо ҳамкориро сар кардем.  Ҳамин тариқ муроҷиати сокинон танҳо дар ду се соли аввали кор аз марзи 500 нафар гузашта буд”, - изҳор дошт Абдураҳмонова.

Аксаран наздикони муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат мекунанд

Ӯ афзуд, аксаран наздикони муҳоҷирони корие муроҷиат мекунанд, ки дар Русия ва Қазоқистон бедарак шудаанд.

Побег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарс аз падар: сабаби бедарак шудани кӯдакон - Умару Абубакр муайян шуд

“Яъне бисёриҳо аз роҳи муҳоҷират бедарак шудаанд. Мо дар якҷоягӣ бо Раёсати муҳоҷират дар вилояти Суғд ва ҳамчунин ҷамъияти байналмилалии Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд барои пурра фаҳмидани шумораи муҳоҷирони бедаракшуда кор кардем ва омори беш аз 1000 нафарро пайдо намудем, ки сокинон сар аз ҷанги шаҳрвандӣ то аз роҳи муҳоҷират гум гаштаанд”, - таъкид кард Абдураҳмонова. 

Ӯ афзуд, ҳар яки ин муроҷиатҳо як қисса ҳастанд, ки мутаассифона ширин нестанд. Баҳринисо Абдураҳмонова нақл кард, ки рӯзе дар як семинар ҷавоне аз ӯ хостааст, падарашро ҷӯстуҷӯ намояд.

“Ман ба ин ҷавон гуфтам, ки модарат сурат ва маълумоти падаратро гирифта ба наздам биёяд. Ҳамон рӯз модараш ҳамроҳ бо худ акси падари он ҷавонро овард. Шавҳари ин зан ба шаҳри Сургути вилояти Тюмени Русия рафта, бедарак шудааст. Ман ба мақомоти қудратии Русия ва  ба ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ин шаҳр бо одамони гумшуда кор мекунанд муроҷиат намудам. Онҳо маълум намуданд, ки падари он ҷавон бе хона монда ва ҳаёти “бомжӣ” аз сар мегузаронад”, - изҳор дошт мусоҳиб.

Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кӯдаки гумшударо ҷустуҷӯ доранд

Вай афзуд, ба модари ҷавони дар ҷустуҷӯи падар маслиҳат дод, ки  барои баргардондани шаҳвараш бояд ҳуҷҷатҳои ӯро барқарор кунад, аммо зан рад кардааст. 

“Ин барои ман, ҳамчун намояндаи барномаи “Жди меня” зарбаи сахт буд, зеро ҳамаи кӯшишҳои мо барбод рафт. Чи гуна як зан аз баҳри падари фарзандаш ва шавҳари худ мебарояду бепарвоӣ зоҳир мекунад. Дили ман ба он ҷавон, ки ба наздам омада буд, сӯхт”, - изҳор дошт Абдураҳмонова.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки бо муроҷиати модари се фарзанд, ки солҳо танҳо кӯдаконашро калон кардааст, шавҳари бедаракшудааш дар шаҳри Челябинскро пайдо намудаанд, ки ҳамсари рус гирифта, тамос бо хонаводааш дар Тоҷикистонро қатъ кардааст. 

Бозгашти Анатолий аз Суғд ба Чеченистон
 
Хонум Баҳринисо инчунин қиссаи Анатолий Колакановро баён дошт, ки соли соли 1988 ба Тоҷикистони шӯроавӣ барои меҳнати зарбдори комсомолӣ  омада, ба гуфтаи худи ӯ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ шиносномаашро ҳарбиён гирифтаанд.

Парвиз Ибрагимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Каме пул намерасад: муҳоҷир ба осебдидагон дар Дарвоз ёрӣ мерасонад

“Ӯ тӯли 20 сол бе ҳуҷҷат ва бе ҷои зист монда, дар чунин вазъ пои ӯро хунук задааст.  Ташаккур аз барномаи “Жди меня” ки тавассути он, мо Анатолийро ба Федератсияи Русия бурда, ба хоҳараш супоридем, ки аз бедарак шудани бародараш ғамгин зиндагӣ мекард. Ҳоло Анатолий Колаканов ҳамроҳи хоҳараш дар шаҳри Глекижеи Чеченистон зиндагӣ мекунад”, - қисса кард Баҳринисо.

Фейсбук Андрей ва модарашро якҷо кард
 
Қиссаи дигар аз ҳаёти Андрей Виноградов аст, ки вақте 9-сола будааст, модараш ҳамроҳ бо дугонааш ӯро аз шаҳри Иркутск гирифта, ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд меоянд. Модараш ӯро дар ин ҷо монда, худ ба шаҳри Иркутск меравад. Дар ин ҷо Андрей то синни 19 солагӣ дар ҷамоати шаҳраки Нови Спитамен танҳо мемонад. Модари ин ҷавон бо кумаки консулгарии Русия дар Хуҷанд, барномаи  “Жди меня” ва корбарони Фейсбук пайдо шуда, баъди барқарор намудани ҳуҷҷатҳо Андрей ба назди модараш фиристода шуду феълан якҷо зиндагӣ доранд. 

Одамони орӣ аз ҳимоя

Дар мавриди иддао, ки вақтҳои охир нақши “Жди меня”-и Тоҷикистон камранг шудаасту Баҳринисо Абдураҳмонова корро дар ин самт қатъ кардааст, хонум Баҳринисо гуфт, аз баҳри ин кор набаромадаст. Ӯ гуфт, гарчанде дар кораш касе ба ӯ маблағ намедиҳаду на ҳама вақт имкони пардохти хароҷоти ин корро дорад, онро канор нахоҳад гузошт.

Разрушенные в результате сильного землетрясения дома в Ломбоке, Индонезия - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

“Барои маълумот пайдо кардан дар бораи як шахс  даву тоз кардан лозим меояд. Омода намудани ҳуҷҷат меҳнати зиёд мехоҳад. Илова ба ин бояд ҳаққи иҷораи утоқи корӣ, ҳаққи интернет пардозам, коғазу дигар мавод харам. Ман ҳам имкони хариди ин ҳама чиро  надорам”, - гуфт Абдураҳмонова ва афзуд, ки бо вуҷуди ин ба кораш дар бахши кумак ба ниёзмандон хотима намедиҳад.

Ӯ гуфт, гуруҳи одамони бедаракшуда ва бехонамонда  имрӯз хеле осебпазиру орӣ аз ҳимоя мебошанд. 

“Ман давоми 5 сол боз ба ин гурӯҳи одамон, ки “бомж” мегӯянд кор мекунам ва то ҷое таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба ин масъала равона кардаам, ки барои инҳо маркази махсуси тавонбахшӣ ва ҷойи мутобиқшавӣ дуруст намоянд. Аз рӯи маълумотҳо, ҳоло дар ҳудуди вилоят кам ё беш аз 100 нафар чунин одамони бехона ва бе ҷои зист дар кӯча танҳо мебошанд”, -  изҳор дошт Абдураҳмонова.  
 
Тӯйи арӯсии ҷуфти мубталои ВНМО дар Хуҷанд
 
Вай инчунин дар бораи тӯйи арӯсии ҷуфти мубталоёни ВНМО нақл кард, ки ахиран дар Хуҷанд баргузор шуд. Бале, чанде пеш мо туйи арусии А. К. ва Н. Н. , ки яке 28 ва дигаре 36-сола мебошад, барпо намудем. Онҳо ҳар ду дар шароити бисёр вазнини бе хонагӣ, дар канори соҳили рости дарёи Сир дар шаҳри  Хуҷанд зиндагӣ мекарданд. Қабл аз баргузории туй мо ба онҳо шиноснома омода кардем. Онҳо мақоми шаҳрвандӣ гирифтанд. Дар асоси он, туйашон баргузор шуд.  Барои баргузории туйи арӯсии ин ду ҷуфт ба мо қаҳвахонаи “Насиба ” ва боз чанд нафар соховатмандон кӯмак намуданд”, - изҳор дошт Абдураҳмонова.

Ӯ таъкид намуд, ки навхонадорон аз ин иқдом хеле хурсанд шуданд ва ҳоло ба зиндагӣ дилгарманд.

Лентаи хабарҳо
0