"Разбор"-и наврасону гумшавии кӯдакон: генерал гуфт ба ҳар мактаб милиса вобаста шуд

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар пайи муноқишаҳои мактаббачаҳо, ки бархеаш бо марг анҷомиданд, фармоиши нав ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Шариф Назарзода мегӯяд, бар асоси фармоиши ҷадид кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо вобаста карда шудаанд.

Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши генерал аз иҷрои супориши Рустам Эмомалӣ: талабандагию либос дар пештоқҳо кам шуд

"Минбаъд ҳар як корманди милитсияи пойтахт ба муассисаҳои таълимии вобасташуда ҷавобгарӣ бар дӯш доранд", — изҳор доштааст сардори милисаи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар".

Ӯ ҳадафи дастури ҷадидро омӯзиши сабабу омилҳои барои ҷиноят мусоидаткунанда ва  назорати низоми таълиму тарбия ва пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ арзёбӣ намуд.

"Тибқи фармоиши мазкур, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ҳамчун  рӯзи муассисаи таълимӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон карда шудаст. Дар ин рӯз  кормандони вобасташуда дар муассисаҳои таълимӣ соати тарбиявӣ ва суҳбату вохурӣ баргузор мекунанд", — иттилоъ дод генерал.

Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Баъди порагирӣ аз хориҷиҳо: Назарзода гуфт, нозирон забони хориҷӣ ва рафтори некро омӯзанд

Назарзода аз муноқишаи нангини шаби 2 январи соли 2017 миёни хонандагони мактабҳои  43, 54 ва 101-и  ноҳияи Сино, ки ду кушта барҷой гузошт, зикр карда, чунин муноқишаҳоро далели мушкилот дар кори  таълиму тарбия, назорату масъулияти волидайну атрофиён хонд.

Сардори мақомоти умури дохилии Душанбе афзуд, ки дар пайи  амалиёт маъмурини милиса ду гурӯҳи ҷавононро дастгир намуданд, ки мусаллаҳ бо ҳар гуна олот қасди содир намудани ҷиноят доштанд, аммо маъмурини милиса онро пешгирӣ карданд.

Шариф Назарзода таъкид намуд, ки дар ин самт корҳо бояд бештар карда шаванд, то мушкилот бартараф гарданд.

Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Назарзода аз афзоиши ҷиноят байни донишҷӯён

Ӯ беназорат гузоштани наврасону кӯдаконро яке аз сабабҳои асосии бедарак гум шудани онҳо арзёбӣ кард.

"Ҳамчунин волидон набояд фарзандонро беназорат гузоранд. Зеро дар бештари ҳолатҳо беназоратӣ боиси аз хона бехабар баромадан ва бедарак гум шудани кӯдакону наврасон мегардад", — изҳор доштааст генерал.

Ин изҳороти генерал дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои наврасону кӯдакони зиёде нашр гардиданд, ки бадарак шудаанд ва феълан ҷустуҷӯӣи онҳо аз ҷониби наздикону мақомот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0