Дар Тоҷикистон кӯдаки гумшударо ҷустуҷӯ доранд

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдумуслим Тоҷиддин рӯзи 28 декабр бедарак шудааст. Писараки 12-сола ба мактаб рафтаасту дигар бар нагаштааст

ДУШАНБЕ, 9 янв— Sputnik. Дар Тоҷикистон писараки дар остонаи Соли нав гумшударо ҷустуҷӯ доранд. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Абдумуслин сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоряккорон аст. Ӯ рӯзи 28 декабр ба мактаб рафта, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштааст.

Полиция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикдухтареро, ки дар Доғистон дуздида буданд, дар Маскав пайдо карданд

Хешовандони ин писар аз ҳамаи он касоне, ки ӯро дар ҷое дидаанд хоҳиш доранд ба онҳо дар бораи маконаш хабар диҳанд.

Пештар дар ноҳияи Балашихаи Маскав духтарчаи панҷсола, ки дар Доғистон бедерак шуда буд ёфт шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 2 феврал дар бораи гум шудани духтарчааш ба мақомоти Доғистон муроҷиат карда буд.

Мақомот ин қазияро чун одамрабоӣ дониста ҳамчун гумонбар ба дуздии духтараки панҷсола ду сокини ноҳияи Хасавюрти Доғистонро дастгир кард.

Лентаи хабарҳо
0