Каме пул намерасад: муҳоҷир ба осебдидагон дар Дарвоз ёрӣ мерасонад

Обуна шудан
Парвиз Иброҳимов, бунёдгузори шабакаи ютюбии "Фонд таджика", аз накӯкорон даъват карда, ки ба осебдидагон аз балоҳои табиъӣ дар Дарвоз ёрӣ бирасонанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Чанде пеш Парвиз дар шабакааш дар Ютуб иттилоъ дода буд, ки барои кумакрасонӣ ба мардуми Дарвоз, ки аз селу гилшор осеб дида буданд, ба он ноҳия сафар хоҳад кард ва аз саховатпешагон ҳам дархости кумаки молӣ карда буд.

Парвиз бо интишори наворе дар сафҳааш дар "Одноклассники" аз раванди сохтусози хонаҳо барои осебдидгаон аз балои табиъӣ гузориш дод.

Вай дар ин навор хабар медиҳад, ки ҳоло дар Дарвоз қарор дорад ва бо чанде аз мардуми маҳалл низ суҳбат кардааст.

"Чуноне, ки ваъда дода будем, ки ба Дарвоз меравем, ҳоло дар ин ноҳия қарор дорем. Мо аз рафти корҳои барқарорсозӣ  бохабар шудем. Ҳастанд нафароне, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд ва мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем ва пурсон шудем, ки ба чӣ эҳтиёҷ доранд. Мо ниёзҳояшонро феҳристбандӣ кардем ва баровард кардем, ки 28 ҳазор сомонӣ пул ниёз дорем. Аммо камтар пули мо намерасад. Касоне, ки мехоҳанд ба осебдидагон кумак расонанд, метавонанд ба ин суроға хайри худро равон кунанд", — мегӯяд дар навор Парвиз Иброҳимов.

Мо аз рафти кор боз ба навор мегирем ва пешниҳоди шумо мегардонем, афзудааст вай.

Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст.

Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.

Дар канораи тоҷикистонии рӯди Панҷ рустоҳои Хостав ва Ширговад аз сел осеб диданд.

Парвиз Иброҳимов яке аз муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар Ютуб шабакаи хешро бо номи "Фонд Таджика" ташкил кардааст. Вай дар шабакааш наворҳоеро аз кумакаш ба ниёзмандон нашр  мекунад.

Худи Парвиз дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, "Фонд таджика" танҳо номи шабакааш дар Ютуб буда бунёди хайриявие  нест.

Чанде пеш  Парвиз бо ҳамдастӣии муҳоҷирон Иззат ном "бомж"-и тоҷикро ба Тоҷикистон гусел кард.

Лентаи хабарҳо
0