Хатарнок ё камдаромад: аз афзоиши силу коҳиши силшинос то иқдоми Ҳукумат барои ислоҳи вазъ

© Қамари АҳрорДаромадгоҳи Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд
Даромадгоҳи Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Силшиносони Суғд аз афзоиши бемории сил иттилоъ дода, таъкид мекунанд, ки норасоии мутахассисони соҳа кӯшиши поксозии ҷомеа аз ин бемориро камсамар мегардонад

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik, Қамари Аҳрор. Фароғат Шодиева, номи шартан ивазшудаи сокини ноҳияи Зафаробод аст, ки 10 рӯз инҷониб дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил и  вилояти Суғд, воқеъ  дар шаҳраки Деҳмойи ноҳияи  ба номи Ҷаббор Расулов табобат мегирад.

Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоҷаев: сабаби аслии бемории сил дар байни муҳоҷирон ─ хастагӣ аст

Ӯ мегӯяд, хуруҷи беморӣ фишорашро ба ҳадде боло бурд, ки ба дунболи он нафаскашӣ барояш душвор гардид. Вақте маҷоли тоқат кардани ин вазъ барои Фароғат зиёд азиятовар шуд, табибони маҳаллӣ ӯро аз ноҳияи Зафаробод ба беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол доданд. Ҳоло бо гузашти беш аз як ҳафта Фароғат ба худ омода, сиҳатияш ҳам беҳбуд ёфтааст.  

“Дар ноҳияи Зафаробод 12 рӯз табобат гирифтам беҳ нашудам. Бо вуҷуди он, ки оби ғуншуда аз шушамро берун кашиданд, ҳарорати баданам ҳеҷ паст нашуд, сарам ҳамеша чарх мезад ва ба мушкили диққи нафас гирифтор шудам. Духтурони маҳаллӣ маро ба беморхонаи вилоятӣ тавсия доданд.Дар ин ҷо воксини муайянкунандаи ташхис (Манту)  заданд ва се рӯз баъд,  иззи он сурх шуд. Маълум шуд, ки микроби бемории сил дар ман хуруҷ кардааст. Тибқи ташхис духтурон бароям дармон таъин карданд. Ҳоло инак 10 рӯз аст, ки ин ҷо табобат мегирам, ҳароратам муътадил ва нафашкашиам хуб шудааст ва худамро ҳоло хуб ҳис мекунам”, - изҳор дошт бемор.

Фароғат дар ҳоле аз ваҳим шудани саломатиаш дар ноҳияи Зафаробод иброз намуд, ки зимнан дар ин ноҳия мизони гирифторони  сил 207 бемор ба 100  000 аҳолӣ рост меояд. Бар пояи омори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд, ноҳияи Зафаробод бо доштани чунин нишондод дар қатори шаҳру ноҳияҳои осебпазири гирифторшавии аҳолӣ ба бемории сил дар ҷои аввал қарор дорад.

© Қамари АҳрорБобур Отамуродов, муовини сардухтури Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд
Хатарнок ё камдаромад: аз афзоиши силу коҳиши силшинос то иқдоми Ҳукумат барои ислоҳи вазъ - Sputnik Тоҷикистон
Бобур Отамуродов, муовини сардухтури Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд

Бобур Отамуродов, муовини сардухтури маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯяд, меъёри муътадил барои вилояти Суғд 113 нафар бемор ба 100 000 аҳолӣ аст. Аммо рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Суғд  ҳодисаҳои сироятёбии аҳолӣ аз бемории сил  ба маротиб аз меъёр  зиёд аст.

"Дар ноҳияи Зафаробод ба  100  000 аҳолӣ, 207 нафар, дар ноҳияи Б. Ғафуров 127 нафар бемор, шаҳри Бӯстон  138 бемор, ноҳияи Масчоҳ ба 100 000 аҳолӣ  176 нафар бемор  рост меояд, ки албатта ин вазъ ташвишовар мебошад”, - иброз намуд Бубур Отамуродов.  

Ба иттилои Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд, то поёни соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 1158 ҳодисаи  нави гирифтории сокинон ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар мебошад. Аз шумори умумии беморон, 1032 нафар навъи бемории ҳассоси сил, 129 нафар шакли мутобиқгашта ва бемории 24 нафари дигар шакли васеъи мутобиқгаштаи сил гуфта мешавад.

Бобур Отамуродов, муовини Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯяд, бемории сил табобатшаванда аст ва ҳар кадоми ин беморӣ вақт ва табобати хосро тақозо менамояд, то нафари сироятёфта дубора ба зиндагии бидуни сил баргардад.

Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорони тоҷикро барои мубориза бо бемории сил "омода" карданд

Бино ба гуфти ӯ, тибқи меъёр табобати навъи ҳассоси бемории сил  аз  6 то  8 моҳ давом карда ва барои давои он то 250 доллари амрикоӣ масраф карда мешавад. Барои табобати шакли мутобиқгаштаи беморӣ 18 - 24 моҳ вақт лозим буда, ҳудуди  1500 доллар масраф карда мешавад. Инчунин барои шакли мутобиқгаштаи васеи бемории сил 18 - 30 моҳи табобат лозим буда, аз 12 то 18 ҳазор доллари амрикоӣ  тақозо мешавад. Ташхис ва табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул буда,  ин маблағҳо аз ҳисоби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши аъзами он аз ҳисоби Лоиҳаи ХОУП ва барномаи ЮСАИД  масраф карда мешавад.

Табибони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Суғд мегӯянд, муайян кардани ин теъдоди беморон, натиҷаи кори таҷҳизоти ташхисӣ бо номи Ҷен Экперт аст, ки барои дарёфти саривақтии чӯбчамикроби сил аз маҳлули балғам мусоидат мекунад. Зимнан аз ҷониби Лоиҳаи ХОУП  то соли 2018,  12 адад  Ҷен Экспертҳо ба шаҳру ноҳия вилояти Суғд дастрас карда шудааст. Ҷен Эксперт таҷҳизоти ташхискнунадаи маҳлули балғам буда, дар давоми 24 соат микроби силро маълум менамояд.

Фонендоскоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ҶТ: иҷрои барномаи коҳиши бемориҳои камбуди эминӣ, вараҷа ва сил хушоянд нест

Табибони силшинос дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз як тараф муайян намудани ин шумор беморро муваффақияте медонанд, чун ба қавле вилоят аз сил тоза шуд.

Аммо бархеи коршиносони умури силшиносӣ мегӯянд, бо он, ки мушкили норасоии муттахассисони соҳаи силшинос беш аз пеш ба назар мерасад, саривақт дарёфт кардани нафари бемор ва ба ин васила тоза кардани ҷамоату шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон аз бемории сил мушкили то ба ҳол рақами як боқӣ мемонад.

© Қамари АҳрорТошназар Усмонов, табиби собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ дар вилояти Суғд
Хатарнок ё камдаромад: аз афзоиши силу коҳиши силшинос то иқдоми Ҳукумат барои ислоҳи вазъ - Sputnik Тоҷикистон
Тошназар Усмонов, табиби собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ дар вилояти Суғд

Тошназар Усмонов, аз табибони собиқадори соҳаи силшиносӣ, рентгенологи дараҷаи олӣ мегӯяд, дар замони шӯравӣ онҳо барои дарёфти саривақтии беморон мошинҳои сайёри рентгену флюрографӣ такшил карда, то ба сатҳи ҷамоатҳо сафар карда, марудмро, маҷбур аз ташхис мегузарониданд, то ҳарчи бармаҳал зуҳуроти бемории силро пайдо кунанд. Аммо ҳоло ин гуна ташхисҳои сайёр мутаасифона амал намекунанд ва танҳо нафароне, ки баъди хуруҷи беморӣ бо пои худ ба беморхонаҳо меоянд аз онҳо ташхис гузаронида ва бемор будани онҳо маълум мегардад, мегуяд ӯ.    

 

“Бемории сил гузаранда аст. Як нафари бемор метавонад тавассути суҳбат даҳҳо нафарро сироят кунад. Аз ин хотир назар ба ин, ки ин нафар то ба пои худ омада аз ташхис гузашта, бемориаш маълум шавад, хуб аст, ки саривақт аз ташхис гузарад ва ба табобат фаро гирифта шавад. Дар ин ҳолат чанд нафар аз сироятёби эмин мемонанд ва дараҷаи бемории худи ин нафар хавфнок намегардад”, - изҳор дошт Усмонов.  

Зимнан ба ҳисоби беморхонаи вилоятии зидди сил чаҳор беморхонаи дигари зидди сил дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Масчоҳ ва Исфара фаъолият мекунанд. Замони шӯравӣ шумораи  чунин беморхонаҳо ба даҳ адад баробар  буд ва пайваста амал мекарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” ва  “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 ” ро қабул намудааст.

Врач поликлиники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон дар пайкор бо бемории сил ҳамдаст мешаванд

Камбуди беморхонаҳои зидди сил ва норасоии мутахассисони соҳаи силшиносӣ аз мушкилиҳои умдаи ин соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бобур Отамуродов, муовини маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд иброз медорад, ки дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 40 дарсад табибони соҳаи силшиносӣ намерасанд ва аз норасоии онҳо ҳоло 70 % табибоне, бо табобати бемории сил машғуланд, ки аслан нафақахӯр мебошанд.

Бобур Отамуродов аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мисол овард, ки то охири соли 2018, ҳудуди 10 сол ба ин тараф ягон духтури силшинос амалан кор намекард.  Ё шаҳри Гулистон, ки бо вуҷуди доштани нишондоди баланди иқтисодӣ ҳоло мушкили норасии духтури силшинос дорад.

Дар сатҳи вилояти Суғд аз рӯи таърификатсия ҳамагӣ  92 воҳиди корӣ барои табибони силшинос воҳиди корӣ тахсис шудааст. Дар асл ҳоло ба ҷои 92 нафар, 60 нафар табибони силшинос дар марказҳои зидди сил фаъолият мебаранд, ки боз ҳам синни  46 нафари онҳо аз 50-сола боло мебошад. Зимнан дар марказҳои мубориза зидди сил дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бе ҳисоби табибони нафақахӯр, 32 нафар духтурони силшинос  намерасанд. 

“Дар шаҳру  ноҳияи Б. Ғафуров – 1   силшинос, Зафаробод – 2,  Истаравшан – 1, Исфара – 2, Конибодом – 2 нафар,  К. Мастчоҳ – 1, Гулистон – 1  нафар, Мастчоҳ – 2 нафар,  Панҷакент – 2 , Спитамен – 1 нафар,  Хуҷанд – 1 нафар, Ҷ. Расулов – 1  нафар,   Бӯстон – 1  ва дар муассисаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд – 14 , ҷамъ 32 нафар табибони силшинос намерасанд”, - қайд намуд Бобур Отамуродов

Ӯ сабаби норасоии духтурони силшинос дар вилоятро аз ҳавасмандии кам арзёбӣ мекунад.

Аммо коршиносони дигар таъкид меварзанд, ки бемории сил, ки бемории қишри камбизоатон рақам зада мешавад ва ташхис ва табобат ройгон аст, духтурон намехоҳанд бо 1000 сомонӣ кору фаъолият намоянд.

Толиб Ашӯров, собиқадори соҳаи силшиносӣ, мегӯяд, норасии муттахассисон аз он хотир аст, ки то ҳол маоши силшиносон  1000 сомонӣ аст ва барои табибон дигар даромади иловагӣ вуҷуд надорад, аз ин хотир 1000 сомонӣ ниёзи силшиносони ҷавонро қонеъ намекунад ва онҳо шавқи кор карданро надоранд.

Маркази тиббии  Пойтахт-90 - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар сатҳи қонун бо бемории сил мубориза мебарад

Маркази силшиносии Суғд дар ҳоле аз омори 1158 ҳодисаи нави бемории сил дар соли сипаришудаи 2018 иттилоъ медиҳад, ки омори дақиқ аммо ғайрирасмӣ шумори гирифторони бемории силро бештар аз он рақам мезанад.

Бар пояи иттилои Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд дар соли 2018,  64 нафар беморон бо сабаби дер муайян кардани беморӣ, таъхири табобат ва ё хуруҷи якҷояи сил ва ВНМО фавтидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сар аз моҳи июли соли 2019 маоши табибони соҳаи силшиносии кишварро 100 % зиёд намояд. Ин тағйирот имкон фароҳам хоҳад овард, то оянда баъзе духтурони ҷавон аз рӯи тахассуси худ ба табобати беморони сил машғул шаванд.

Лентаи хабарҳо
0