Ҳукумати ҶТ: иҷрои барномаи коҳиши бемориҳои камбуди эминӣ, вараҷа ва сил хушоянд нест

© PixabayФонендоскоп, архивное фото
Фонендоскоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Тоҷикистон раванди иҷрои барномаи коҳиши бемориҳои камбуди эминӣ, сил ва вараҷа дар кишварро нохушоянд донист

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Азим Иброҳим дар нишасти Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо бемориҳои камбуди эминӣ, сил ва вараҷа раванди иҷрои барномаи коҳиши ин бемориҳоро нохушоянд донист, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Дар ин нишаст гуфта шуда, ки барномаи коҳиши бемории сил дар Тоҷикистон аз январи соли 2016 оғоз шуда ва то марти соли 2018 идома меёбад. Барои иҷрои ин барнома 17,6 милюн дулор дар назар гирифта шуда аст. аммо аз ин маблағ ҳануз беш аз 1,3 милюн дулор истифода нашудааст.

Азим Иброҳим, ки раҳбарии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо бемориҳои камбуди эминӣ, сил ва вараҷаро ба уҳда дорад, гуфт, ки ин маблағ ба далели пастии сатҳи тахассуси бархе аз кормандони пизишкӣ, ба ҳангом анҷом надодани корҳои тавзеҳотӣ дар миёни беморони сил, дармону нигоҳубин ва дастгирии онҳо истифода нашудааст.

Вай ёдоварӣ карда, ки мубориза бо ин бемориҳо масъулияти танҳо як Вазорати тандурустӣ нест ва бояд намояндагони Вазорати маорифу илм, Кумитаи умури ҷавонону варзиш, руҳониён ва дигар сохторҳо низ ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0