ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз коршиносони пизишкии Узбакистон барои табодули таҷруба ба Тоҷикистон рафтааст, гузориш додааст Бунгоҳи Амрико барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID).
Ин нахустин ҳайъат аз пизишкони Узбакистон аст, ки пас аз солҳо сардии равобити Душанбе ва Тошканд ба Тоҷикистон рафтааст.
Ҳадаф аз сафари дурӯзаи ин пизишкон табодули таҷруба бо ҳамкорони тоҷик дар заминаи мубориза бо бемории сил гуфта шудааст. Ин ҳайъат дар чорчӯби Барномаи мубориза бо бемории сил дар Осиёи Марказӣ, ки USAID роҳ андохтааст, аз маркази вижаи бемориҳои сили Фарҳангистони улуми пизишкии Узбакистон ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Коршиносони пизишкии Узбакистон дар чорчӯби сафар ба Тоҷикистон аз Бунгоҳи таҷрубаҳои пешрафтаи Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳии қалбу сина боздид хоҳанд кард.