Тоҷикистон дар сатҳи қонун бо бемории сил мубориза мебарад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМаркази тиббии "Пойтахт-90"
Маркази тиббии  Пойтахт-90 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тӯли даҳ соли охир шумораи гирифторони бемории сил дар кишвар то 16 фоиз кам гардид, шумораи марги беморон аз сабаби ин беморӣ бошад то 50 фоиз кам шуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Палатаи поёнии парлумон- Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавсиби созишномаи  мубориза зидди бемории пайдо шудани норасоии масунияти бадан, сил ва вараҷаро дар доираи мубориза зидди бемории сил дар кишварро қабул кард.

Созишномаи мазкур байни муассисаҳои давлатии " Маркази ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил" ва Фонди Глобалӣ оид ба мубориза бо синдроми норасоии масунияти бадан, сил ва табларза амал мекунад.

Гирифтани хун барои озмоиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гирифторони ВНМБ (ВИЧ) дар Осиёи Марказӣ зиёд шудааст

Мувофиқи созишнома барои мубориза бар зидди ин беморӣ 4,6 млн. доллар ҷудо карда мешавад,  хабар медиҳад муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Насим Олимзода. Маблағҳои ҷудакардашуда барои харидорӣ намудани таҷҳизоти махсуси тиббӣ, аттиббот ва омӯзиши тиббӣ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла барои харидорӣ намудани таҷҳизот 1,5 млн. доллар сарф карда мешавад.

Раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ қайд намуд, ки пеш аз ҳама бояд муттахассисонеро тайёр намуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ кор карда тавонанд ва бар зидди сил мубориза барнад.

Ғайр аз ин ӯ қайд кард, ки рафти корро бояд ҳамин тавр барпо кард, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аҳолӣ тавонанд ақалан дар ду сол як маротиба аз санҷиш гузаранд.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ бо ҳамин тарз қайд намуданд, ки тайи даҳ соли охир шумораи беморони сил дар кишвар ба 16 фоиз коҳиш ёфт ва марги беморон аз сабаби бемории сил 50 фоиз кам гашт.

Лентаи хабарҳо
0