Чаро Лавров ба Тоҷикистон меояд?

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ба Тоҷикистон меояд. Дар Душанбе ӯро мулоқот бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон интизор аст

ДУШАНБЕ, 4 фев - Sputnik. Вазири корҳои хориҷаи Русия бегоҳи рӯзи душанбе бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон мешавад, хабар додааст Депортаменти иттилоотии ВУД Русия.

Чихеле, ки қаблан намояндаи расмии ВУД Русия Мария Захарова гуфта буд дар Душанбе Лавровро мулоқот бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунидҳо бо роҳбари вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин интизор аст.  

Пресс-конференция главы МИД РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон
Лавров имрӯз ба Тоҷикистон меравад

Дар ҷараёни дидор тарафҳо рафти омодагии ҷонибҳоро барои гузаронидани мулоқоти сатҳи олӣ дар соли 2019 ва масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ менамоянд.

Тарафҳо инчунин назарҳояшонро нисбати вазъи Осиёи Миёна баён дошта, масъалаи ҳамкориҳоро дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СПАД ба миён мегузоранд.

Миёни Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар сатҳи хуб қарор доранд ва бо шарофати ин лоиҳаиҳои калони дастаҷамъи амалӣ гашта истодаанд.

Инчунин Русия ҳамчун ҳамкори иқтисоди барои Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия дар ҷумҳури 1,6 миллиард долларро ташкил мекунад. Ҳаҷми умумии додугирифт миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2018 ба миқдори 28 дарсад боло рафта қариб 1 миллиард долларро ташкил намудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ташкилот бо дастгириҳои Русия фаъолият доранд.

Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи Захарова дар бораи сафари дар пешистодаи Лавров ба Тоҷикистон

Ҳоло пешниҳоди зиёд кардани ҳаҷми меваю сабзавоти Тоҷикистон дар бозори Русия коркард шуда истодааст. Тарафҳо лоиҳаи дар ҳудуди Тоҷикистон сохтани Маркази тақсимоти яклухтро баррасӣ менамоянд. Марказ бо технологияи ва навовариҳои Русия таҷҳизонида мешавад.

Инчунин масъалаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мавриди гуфтушунид қарор мегирад.

Мақомоти Душанбе ва Маскав 6 лоиҳаи созишномавиро дар мавриди ба танзим даровардан ва беҳтар намудани шароити муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия коркард намудаистоданд.     

Инчунин муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба ин масоили низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва мубориза бар зиди маводи нашъаовар мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0