Лавров имрӯз ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция главы МИД РФ С. Лаврова
Пресс-конференция главы МИД РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазир рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар Тоҷикистон монда, бо ҳамтои тоҷикаш ва раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 04 фев - Sputnik. Имрӯз, 4 феарал вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон меравад.

Лавров рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар Тоҷикистон мемонад.

"Раисҷумҳури Тоҷикистон Лавровро расман қабул хоҳад кард ва ҳамчунин вазир бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот хоҳад намуд", - хабар дода буд Захарова.

Дар назар аст, ки вазири умури хориҷаи Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷаи кишвар Сироҷиддин Мӯҳриддин мулоқоти расмӣ кунад.

Лавров бо сиёсатмадорони тоҷик ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсати берунаи кишварҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомиву техникиро баррасӣ кунад.

Афзун бар ин, ҷонибҳо вазъи Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро дар ҳошияи СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД баррасӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0