“Чорум ва панҷуми феврали соли равон, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф мебарад. Қабули расмии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон ва гуфтушунидҳо бо роҳбари вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар назар аст”, - гуфт Захарова дар брифинг.
Захарова о визите Лаврова в Таджикистан
Вай илова кардааст, ки тарафҳо рафти омодагии ҷонибҳоро барои гузаронидани мулоқот дар сатҳи олӣ бо дар назардоштӣ муҳимияти нақши Тоҷикистон ҳамчун аъзои СПАД, ки дорои марзи ҳазоркилометра бо Афғонистон аст, барои имсол баррасӣ менамоянд.
Захарова қайд кардааст, ки тарафҳо оид ба масоили амнияти минтақа гуфтушунид намуда, барномаи ҳамкориҳо миёни Вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистонро барои соли 2019 ба имзо мерасонанд.