ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи арзёбии мутахассисони Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик баъд аз дохилшудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 9 то 28 дарсад зиёд хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти ин ташкилоти молиявӣ, рушди ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ аз 15 то 25дарсадро ташкил хоҳад дод.
“Афзалияти асосии узвият ба Иттиҳод барои Тоҷикистон, ки базудӣ самар медиҳад, бозори ягонаи кории Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Муҳоҷирони тоҷик ба бозори умумии меҳнат дохил шуда, ҳаҷми интиқоли пул дубаробар афзоиш меёбад. Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик қисман ба маоши шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон наздик мешавад”, - гуфтааст роҳбари маркази пажуҳишгоҳи ҳамгироии Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) Андрей Петросян.
Ба гуфтаи коршинос, дохилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё танҳо паҳлуҳои манфӣ донрад.
Вай афзудааст, ки Тоҷикистон ин масъаларо ҳамаҷониба бо тамоми ҷузъиёташ мавриди омӯзиш қарор дода, ва аз ҷониби ҳеҷ касе барои дохил шудани ин кишвар ба ин созмон фишоре наовардааст.
“Дарки паҳлӯҳои манфӣ ва мусбати ин амал ва фаъолияти иштирокчии имконпазири нав, ҳамчунин гуфтушуниду қарордодҳо оид ба марҳилаи гузариш зарур аст”, - таъкид намудааст Петросян.
Намояндаи БАОР инчунин ёдрас шудааст, ки ҷараёни баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод аз соли 2015 идома дошта, баъди фаъолияти кофии гурӯҳи корӣ назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тирамоҳи соли 2016 масъала ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи августи соли равон вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода эълон карда буд, ки мақомоти кишвар масъалаи дохилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.