Муҳоҷир не, шаҳрванд шав: раванди нав дар сиёсати Русия

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукуматдорони Русия қонунҳо барои муҳоҷирони меҳнатиро шадид ва шароити шаҳрвандгириро осон мекунанд. Ба ҳамин восита талош доранд, ҳам буҷаи давлатро пур кунанд ва ҳам мушкилоти демографиро ҳал намоянд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik, Рубен Гарсия. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, 22 августи соли ҷорӣ, амреро ба имзо расонд, ки бар асоси он 104 нафар, аз ҷумла 10 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандӣ гардиданд.

Инчунин ахиран Вазорати умури дохилии Русия тарҳи наверо таҳия кард, ки мувофиқи он муҳоҷирони боихтисос метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст биоранд.

Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Патрушев: Тиҷорати асноди тақаллубӣ барои муҳоҷирон хеле васеъ аст

Мувофиқи маълумоти Вазорати умури дохилӣ дар давоми соли 2018,  148 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд, ки ин нишондод нисбати солҳои пешӣ зиёдтар мебошад.

Феълан дар Русия раванди ҳуқуқие ҷараён дорад, ки аз як тараф қонунгузорӣ барои хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандӣ сабукиҳо ироа мекунад, аммо барои муҳоҷирони меҳнатӣ мушкилоти нав эҷод карда истодааст.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи чунин сиёсат дар умури муҳоҷират ва то куҷо дурусту самарбахш будани он бо ду коршиноси соҳа суҳбат кард.

Юрий Московский, мудири бунёди  "Добрососедство", ҷой доштани сиёсати мушкилзо барои муҳоҷирону додани баъзе имтиёзҳоро барои гирифтани шаҳрвандӣ тасдиқ кард.

Гавхар Джураева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гавҳар Ҷӯраева дар бораи шартҳои гирифтани шаҳрвандии Русия гуфт

 "Узви Ҳукумат нестам ва дар маҷлисҳои пӯшида низ иштирок намекунам, аммо чунин раванд вуҷуд дорад, ки аз як тараф қонунҳои  барои муҳоҷирони меҳнатӣ мушкилзо қабул мешаванду аз ҷониби дигар барои гирифтани шаҳрвандӣ баъзе сабукиҳои ночиз дода мешаванд", — изҳор дошт ин коршиноси умури муҳоҷират.

Юрий Московский далели чунин сиёсати мақомоти Русияро ба коҳиши шумораи аҳолии кишвар рабт дод, ки мехоҳанд ба ҳамин васила мушкилиҳои демографиро ҳал кунанду қувваи корӣ пайдо намоянд.

Мантиқан шаҳрвандӣ бояд ба афроде дода шавад, ки забони кишвари мизбонро медонанд ё гузаштагонашон зодаи Русия мебошанд. Маҳз ба манфиати чунин гуруҳ мақомдорону вакилони Русия сабукию меъёрҳои навро фароҳам мекунанд.

Гавҳар Ҷӯраева, коршиноси дигари умури муҳоҷират, бар ин аст ки шиносномаҳои Русия набояд ба осонӣ ба ҳар нафар дода шаванд.

Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амри Путин барои додани шаҳрвандӣ ба 10 зодаи Тоҷикистон

 "Мо ҳамеша таъкид мекардем, ки интихоби ҷиддӣ сурат гирад ва ба шахсоне шаҳрвандӣ дода шавад, ки Русияро ватани худ интихоб кардаанд. Онҳо бояд ҷузъи фарҳангу иқтисоди кишвар бошанд ва танҳо ба хотири ҳалли мушкилоти демографӣ рӯи коғаз набошанд", — изҳор дошт Ҷӯраева.

Дар ҳамин ҳол барои давлат зарур аст, ки дар шароити буҳрони молиявӣ ҷойҳои кориро барои шаҳрвандонаш ҳифз кунаду буҷаро аз кадом сарчашмае, ки набошад, пур намояд.

Ин ҳама боиси шиддати сиёсат дар умури муҳоҷират, аз ҷумла эҷоди андозҳои иловагӣ барои муҳоҷирон ва пурзӯр кадани назорат аз ҷониби мақомот шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки барои асоси қоидаҳои умури дохилии Русия, ду қоидавайронкунии маъмурӣ,  масалан убури роҳ дар ҷойҳои мамнуъ, ё бо суръати зиёд рондани мошин басанда аст, ки шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шавад. Амалан фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ мамнуъ мебошад.

Баронбек Содик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боронбеков: муҳоҷирон бемори футбол ҳастанд

Инчунин қонуни ахиран қабулшуда, корфарморо муваззаф мекунад, ки муҳоҷиронро на дар суроғаи ҳуқуқии корхона, балки дар макони аслии иқоматаш ба қайд гирад.

Юрий Московский дар пасманзари ин ҳама маҳдудиятҳо изҳор дошт, ки ин як навъ "шизофрения" мебошад.

"Аз як ҷониб камбуди қувваи корӣ аён аст ва аз тарафи дигар меъёрҳои "аждаҳорӣ"-и миёншикан қабул мешаванд", — изҳори тааҷҷуб кард Московский.

Гавҳар Ҷӯраева мегӯяд, маҳдудсозиҳои бемантиқу сангин кардани шароити кори муҳоҷирон дар Русия боиси афзоиши миёнаравҳо мешавад, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Ба иттилои Ҷӯраева дар баробари пардохтҳои расмии давлатӣ дар Русия ҳазорҳо ширкату идораҳое мавҷуданд, ки барои миёнаравӣ ва таҳияи асноди аксаран ғайриқонунӣ барои муҳоҷирон фаъолият мекунанд.  

"Мутаассифона бисёриҳо мехоҳанд, аз ҳисоби муҳоҷирон маблағ ба даст оранд. Ҳар қадаре маҳдудиятҳои ғайримантиқӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар теъдоди миёнаравҳо меафзояд, ки аз ҳисоби "ҳал" кардани мушкилоти муҳоҷирон зиндагӣ хоҳанд кард", — таъкид кард Ҷӯраева.

Ҳамин тариқ то замоне ки сатҳи таваллуд дар Русия поин асту муҳоҷирон барои давлату бахши хусусӣ фоидаи ҳангуфт меоранд, ҳукуматдорон ба муҳоҷирон ишораҳои рӯшан мефиристанд, ки сарфи назар миллат, бо доштани шаҳрвандии Русия будубош дар ин кишвар осон хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0