Ба беҳтарин бонуи журналист ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваро месупоранд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗапись на листе бумаге, архивное фото
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бонувони хабарнигор баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Рӯзи 8 сентябр, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бонувони хабарнигор сурат мегирад, иттилоъ додааст сомонаи расмии эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон.

Муаллифи озмуни беҳтарин журналистони зан — Эътилофи бонувони журналист аст, ки ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева дар се бахш тақдим мекунад: ҷоизаҳо барои рушди журналистика, барои беҳтарин маводи чопӣ ё онлайнӣ, беҳтарин гузориши радиоӣ ё телевизионӣ тақдим хоҳанд шуд.

Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
САҲА аз Тоҷикистон хост, 14 журналист аз феҳристи сиёҳ бароварда шавад

Ҳар як барандаи озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ мешавад ва имсол ин маблағ бо кӯмаки Сафорати ИМА ба журналистон тақдим хоҳад шуд.

Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Мақсади таъсиси Ҷоиза: намоиши дастоварду муваффақиятҳои бонувони дар соҳаи ВАО-и ҶТ фаъолияткунанда ба ҷомеа, қадрдонии заҳмату меҳнатҳои чеҳраҳои чоизагиранда дар фаъолияти касбиашон, инкишоф ва муттаҳидсозии васоити ахбори омма.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷоизаи мазкур ба ҳамаи кормандони зан, ки дар соҳаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон фаъолият менамоянд, омӯзгорони макотиби олӣ, ба собиқадорони журналистикаи ватанӣ, ки дар рушди ВАО-и Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ё ин ки бо фаъолияти пурсамари касбиашон ба ҷараёни муҳими ҷамъиятӣ таъсири мусбӣ расонида, маводу баромадҳояшон таъсири васеи ҷамъиятӣ дошта, ҳамчунон барои ҳифзу дастгирии манфиатҳои миллии кишвар ва ҷомеа, арзишҳои умумиинсонӣ, ҳамрайъии рӯзноманигорон, ҳифозати меъёрҳои касбӣ ва талоши машҳур намудани пешаи журналистӣдар миёни ҷавондухтарон, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани макоми пешаи журналистӣ дар назди ҷомеа ва давлат бахшида мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0