САҲА аз Тоҷикистон хост, 14 журналист аз феҳристи сиёҳ бароварда шавад

© Sputnik / Стас ЭтвешЗапись на листе бумаге, архивное фото
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
САҲА бар асоси қавоидаш тамоми онҳоеро, ки ба интишори хабару таҳлил ва шаклҳои дигари хабарпароканӣ машғуланд, ҳамчун журналист эътироф мекунад

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) рӯзи 28 март бо ирсоли як номаи расмӣ ба вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз Душанбе хост, то номи 14 журналист ва блогнависро аз рӯйхати сиёҳи "шахсони бо терроризм алоқаманд" берун кунад.

Ба иттилои сайти ин созмон, ин рӯйхати сиёҳро ду ҳафта пеш Бонки миллии Тоҷикистон нашр кард.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар номаи расмиаш ба Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон хостори аз рӯйхати сиёҳи Бонки миллии ин кишвар берун кардани номи 14 журналист ва блогнависи тоҷик шудааст. Ҳарлем Дезир гуфтааст, ки ин нома рӯзи 28 март фиристода шудааст.

Заключенный в колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигор дар Узбакистон пас аз 19 сол аз зиндон баромад

Дар нома ба Аслов номи он 14 хабарнигору блогнависи тоҷик изофа шудааст. Аммо Ҳарлем Дезир аз ифшои номи ин 14 хабарнигор худдорӣ кардааст, зеро: "Чоп кардани номи онҳо амнияташонро зери хатар мегузорад. Паҳлуи дигари масъала эҳтимолияти бегуноҳӣ аст, ки дар сурати нашри номҳо ин асл низ поймол мешавад."

САҲА бар асоси қавоидаш тамоми онҳоеро, ки ба интишори хабару таҳлил ва шаклҳои дигари хабарпароканӣ машғуланд, ҳамчун журналист эътироф мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 15 март рӯйхати сиёҳи 1372 "шахсони бо терроризм алоқаманд"-ро нашр кард. Бонки миллӣ чунин рӯйхатро бо тақозои FATF — як созмони байналмилалии масъули мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм ҳар сол тартиб медиҳад.

Вале ба фарқ аз рӯйхатҳои қаблии Бонки миллӣ, ки асосан ҷангиёни тоҷики гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ, ва раиси ҲНИТ ва як писари ӯро дар бар мегирифт, дар рӯйхати ду ҳафта пеш нашркардаи Бонки миллӣ номи даҳҳо нафар аз фаъолони оппозитсияи тоҷик, ки дар Туркия, Русия, кишварҳои Аврупо ва Эрон паноҳ мебаранд, низ зикр шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0