ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи изҳороти Патрушев бозори сиёҳи "қонунигардонӣ"-и муҳоҷирон дар сатҳҳои гуногун доман паҳн кардааст.
"Аз ҷумла, таҳия ва фурӯши асноди тақаллубӣ ба муҳоҷирон барои иқомат ва корашон дар ҳудуди Русия хеле зиёд ҷой дорад. Ҳолатҳои зиёди истифодаи асноди тақаллубӣ аз сӯи муҳоҷирон ошкор мешаванд", — гуфтааст Патрушев.
Ӯ афзудааст, ки дар ним соли гузашта аз сӯи муҳоҷирон дар ҳавзаи марказии Русия 27 ҳазор ҷиноят содир шудаанд. Ба иттилои пулиси Русия, 80 дарсади муҳоҷироне, ки дар шашмоҳа даст ба қонуншиканӣ задаанд, манбаи доимии даромад надоранд.
Пулиси Русия илова намудааст, ки феълан дар кишвар ҳудуди 12 миллион муҳоҷир қарор доранд, ки 4 миллион нафарашон ғайриқонунӣ мебошанд.