ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Русия, амри Путинро нашр кардааст, ки бар асоси он 104 нафар, аз ҷумла 10 зодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия қабул гардиданд. Тибқи амри раисиҷумҳур афроди мазкур баъди ёд кардани савганд, соҳиби шаҳрвандӣ мегарданд.
Бар асоси ин санад шаҳрвандии Русия ба 16 зодаи Узбакистон, 14 — Молдова, 11 — Арманистон, 10- нафарӣ аз Белорусия, Тоҷикистон, 9 — Озарбойҷон, 5 — нафарӣ аз Украина, Афғонистон, Ветнам, 3 — нафарӣ аз Гурҷистон, Қазоқистон, 2 — нафарӣ аз Фаронса, Туркия, Исроил, 1 — нафарӣ аз Кипр, Ҳинд, Итолиё, ИМА ва Олмон дода мешавад.
Афроди мазкур баъди савгандёдкунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд. Ноболиғон истисноянд, чун баробари савгандёдкунии волидон, онҳо ҳам шаҳрвандӣ мегиранд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон 16 ҳазору 324 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул карданд.