Гавҳар Ҷӯраева дар бораи шартҳои гирифтани шаҳрвандии Русия гуфт

Обуна шудан
Коршиноси ташкилоти ҷамъиятии "Муҳоҷират ва қонун"-и Маскав Гавҳар Ҷӯраева дар бораи талаботҳои гирифтани шаҳрвандии Русия нақл мекунад

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба 10 тоҷик шаҳрвандии Русияро дод.

Ба гуфтаи Гавҳар Ҷӯраева, гирифтани шаҳрвандии Руисия орзуи бештари русзабон аст. Ҳамагуна ҳаракат дар ин самт бояд дар асоси пояи бузурге анҷом дода шавад, афзуд вай.

 

Джураева: должен проводиться тщательный отбор людей, которые получают гражданство

"Ман доим ҷонибдори интихоби ҷиддии одамон барои додани шаҳварндӣ будам — дар ҳама гуна кишварҳо, на танҳо дар Русия. То гирифтани шаҳрвандӣ, мисле, ки дар Амрикост, бахтозмоии грин корте набошад, ки дар он бурд кунанду шаҳврандӣ ба даст оваранд. Кишвар бояд шаҳрвандони ояндаашро интихоб кунад, то одамоне, ки мехоҳанд шаҳрвандӣ гиранд, донанд, ки кадом ӯҳдадориро ба дӯши худ мегиранду аз кишвар ба онҳо чӣ фоида мерасад. Яъне мусобиқа бояд гузаронид", — гуфт Гавҳар Ҷӯраева ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки то дараҷае, ки интихоб ҷиддӣ сурат гирад, то ҳамон дараҷа Русия бурд мекунад. Афзун бар ин, вай таъкид кард, ки дар ин раванд бояд идораҳои зиёди кишвар ҷалб карда шаванд.

Бояд аҳамияти муҳоҷирро ба кишвар ба назар гирифт, афзуд вай.

Шарҳи бештари назари хонум Гавҳар Ҷӯраевро аз сабти овозии мо гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0