Як зан ва ду марди тоҷик барои мошин соҳибкори русро куштанд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се муҳоҷири тоҷик, барои ба даст овардани амволи соҳибкори рус ӯро ба қатл расонданд, аммо натавонистанд ба аҳдофи худ бирасанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти назди Маскави Русия  се шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми  даст доштан дар куштори соҳибкори рус дардастгир шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишотии вилояти назди Маскав.

Ба иттилои  Кумитаи тафтишоти Русия, ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба даст овардани амволи соҳибкори рус  ӯро ба қатл расонидаанд.

Гуфта мешавад, дар ин ҷиноят як духтари 22-сол ва ду ҷавонмарди тоҷик муттаҳам мешаванд.

Мигрантка из Таджикистана рассказала, как осталась без документов и жилья с маленьким ребенком на руках - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Ҷавондухтар бо соҳибкор дар яке тарабхонаҳои шаҳри Маскав ошно шудаанд. Зан бо маслиҳати пешакӣ бо ду марди дигар нақшаи ба даст овардани худрави гаронарзиши соҳибкорро мекашад.

Тибқи он, зан  шаби 30 июн дар ҷойи хилвате дар деҳаи Боборовои ноҳияи Ленинский вилояти Маскав бо соҳибкор вохӯрда, ба мошини вай савор мешавад.

Дар ҳамин ҳол ҳамраҳонаш ба соҳибкор ҳамла оварда, ӯро ба ҷангалзори  минтақаи Истрински вилояти назди Маскав бурда, ба қатл мерасонанд ва дар чуқурие ҷасади ӯро пинҳон мекунанд.

Онҳо аз кисаи соҳибкор 65 ҳазор рубли русиро гирифта, хостаанд ба худрав савор шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зананд. Аммо бо далоили номаълум  онҳо натонистаанд худравро ба ҳаракат дароранд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, се шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0