Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Обуна шудан
Шоиста Қодирова-зани муҳоҷири тоҷик дар навор ба саховатмандон муроҷиат мекунад, ки барои бозгашт ба Ватан ба вай кӯмак кунанд

Шоиста Қодирова-сокини шаҳри Кӯлоб модари се фарзанд аст. Ин зан мегӯяд, 5 сол шудааст, ки дар Русия қарор дорад ва ду фарзанди калониашро надодааст. Ба гуфтаи худаш, ӯ феълан дар Маскав ба мушкилии сангине дучор шудааст.

"Шавҳарам ҳуҷҷат надорад, ман ҳам надорам. Чанд сол аст, ки дар Маскав ҳастам ва кӯдаки майда дорам. Мехоҳам ба Тоҷикистон бар гардам, вале пул надорам",- мегӯяд зани муҳоҷир.

Шоиста афзуд, ӯ аз омадан ба Русия ва шавҳар кардан дар муҳоҷират пушаймон аст.

Ӯ ҳоло мехоҳад, ба Тоҷикистон ба назди фарзандонаш бар гардад.

"Кадоме ки метавонед ба ман кӯмак расонед, меравам Тоҷикистон дигар намеоям. Ду кӯдакам дар Тоҷикистон аст, онҳоро ёд кардам, меравам дар Тоҷикистон деҳқонӣ мекунам, нони қоқ мехӯрам дар Ватани худам мехӯрам",- таъкид мекунад зан

Шоиста Қодирова дар навор ба саховатмандон муроҷиат мекунад, ки барои бозгашт ба Ватан ба вай кӯмак кунанд.

Пештар, намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, барои бозгашти Шоиста ниҳод аз соҳибкорони ватанӣ даъват ба амал овардааст, ки кӯмак кунанд.

Лентаи хабарҳо
0