Ҷарима ё зиндон: "Рустам Эмомалӣ"-ҳои "фейк"-ро чӣ интизор аст?

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмондиҳандагони саҳифаҳои қалбакии Рустам Эмомалиро метавонад ҷаримаи ночиз ё зиндон интизор бошад, мегӯянд коршиносони тоҷику рус

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе созмондиҳандагони саҳифаҳои қалбакии раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалиро меҷӯянд.

Ёдрас мешавем, пештар шаҳрдории пойтахт гуфта буд, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз номи Рустам Эмомалӣ камубеш се саҳифа ифтитоҳ шудааст.

Ҳукумати шаҳр аз ВУД ҶТ дархост кардааст, ки дар муаяйн кардани созмондиҳандагрони ин саҳифа ва мақсади онҳо бо шаҳрдорӣ ҳамдастӣ кунад.

Рейсовый автобус. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтиёт шавед, қаллоб!: корбарон дар Фейсбук аз хатари сафар бо автобус огоҳӣ медиҳанд

Аммо муайян кардани соҳиби саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ осон нест. Аслан барои ташкили саҳифаи қалбакӣ ҷазое пешбинӣ намешавад. Шаҳрдорӣ метавонад аз роҳбарияти Фейсбук дархост кунад, ки ин саҳифаҳо маҳкам карда шаванд.

Аммо, агар аз номи касе маълумоти бардурӯғ ё зиёновар мунташир шавад, масъалаи дигар аст.

Шаъну шараф муҳим аст

Аслан саҳифаи иҷтимоӣ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳофизат намешавад.

Аммо агар гап сари маълумоте равад, ки аз номи касе мунташир мешавад, дар ин ҳол мақомот метавонанд дахолат кунанд.

Ба гуфтаи коршиноси рус Алексей Горшков мунташир шудани акс ва ё маълумоти дигар аз номи шахсе метавонад  барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд асоси ҳуқуқӣ шавад. Дар ин гуна ҳолатҳо  истифодаи ин ё он мавод мамнӯъ мешавад ё ҷарима пешбинӣ мегардад.

Агар маълумот хусусияти беэътиборкунанда ё бардурӯғ дошта  бошад —шаҳрванд метавонад бо ин далел ба додгоҳ муроҷиат кунад.

"Дар қазияи марбут бо Рустам Эмомалӣ бояд ба роҳбарияти Фейсбук муроҷиат карда, дархост кард, ки маълумотҳои бардуғи шахсии мунташиршуда маҳв шаванд ва ин саҳифаҳо маҳкам карда шаванд. Агар созмондиҳандаи ин саҳифаҳо маълум мешуд, шаҳрдорӣ метавонист ба додгоҳ муроҷиат кунад", — мегӯяд Алексей Горшков.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе муассиси саҳифаи қалбакии Рустам Эмомалиро дар Фейсбук меҷӯяд

Коршиноси дигари Роман Новиков мисоли аҷибе меорад: дар Амрико зане мақомотро барои истифодаи маълумотҳои шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба додгоҳ кашида, 134 ҳазор доллар ҷуброн талаб кардааст.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин коршинос, дар ҳолати пайдо шудани табаҳкор танҳо метавон ӯро ҷаримаи ночизе карду халос.

Коршиноси тоҷик, Шарбат Содиқов дигар ақида дорад: агар "шаҳрдори" қалбакӣ пайдо шавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ӯро ҷазо медиҳанд.

"Рустам Эмомалӣ — ходими давлатӣ ва раиси шаҳри Душанбе аст. Аз номи вай мунташир кардани ин ё он маълумот ва ё маълумоти бардурӯғро метавон  чун дахолат ба фаъолияти давлатӣ баҳодиҳӣ кард", — гуфт Содиқов ба Sputnik Тоҷикистон.

Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дод аз дасти "фейк"-ҳо: шикояти овозхони тоҷик ба Кумитаи амният алайҳи иғвои корбарон

Тибқи қонунгузории кишвар ба ин гуна қонуншиканӣ муҷозоти сангин  пешбинӣ мешавад.

Ба гуфтаи коршинос, агар созмондиҳандаи ин саҳифаи қалбакӣ пайдо шавад ҳам, ҷазо аз муайян кардани мақсади онҳо дар ташкили саҳифа аз номи Рустам Эмомалӣ вобаста аст — оё ин амали онҳо шӯхие буд ва ё мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ мекард.

"Ин ҷо барои айбдоркунӣ фазои бузурге аст. Аз ҳама муҳимаш агар ин амали "фейк" чун бадномкунии Ҳукумат ва ё дахолат ба сохти конститутсионии ҷумҳурӣ баҳодиҳӣ шавад ва ё маводҳои дар саҳифаи мунташиршуда экстримистӣ гуфта шаванд, созмондиҳандагонро ҷазои калоне интизор хоҳад буд", — мегӯяд коршинос.

Аммо айни замон дар саҳифаи қалбакии раиси шаҳр маълумоти манфие мунташир нашуда, танҳо дар он дар бораи навгониҳо дар пойтахт хабар дода мешавад.

Дар ин ҳол, агар созмондиҳандаи саҳифаи қалбакӣ пайдо шавад ҳам, ӯро муҷозоти сангин, вале маъмурӣ интизор хоҳад буд: ҷарима, танбеҳ ва ё ҳушдор аз ҷониби ВУД ё Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0