ДУШАНБЕ, 24 янв- Sputnik. Пас аз кушта шудани 52 мусофири автобус дар натиҷаи сӯхтор дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ аз шаҳрвадон хоҳиш кард, ки аз сафар бо автобус ба Русия ё баръакс худдорӣ кунанд.
"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд", — гуфта мешавад дар эълоне, ки вазорат имрӯз мунташир кардааст.
Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ каме пештар аз ВУХ Тоҷикистон муҳоҷиронро аз хатари сафар бо автобус огоҳ карда буданд.
Ба фикри онҳо, сафар бо автобус на танҳо хатарнок аст, балки бархе аз қаллобон низ аз он суъистифода мебаранд ва мардумро фиреб медиҳанд.
Чунончӣ, рӯзноманигор Ғуфрон Ваҳҳобов ин мавзуъро матраҳ карда муҳоҷиронро огоҳ кардааст, ки ҳоло эълонҳои "Автобус ба роҳ мебарояд…" як манбаъи фиреби мардум ҳам табдил ёфтааст, ки аз он қаллобон ба хубӣ истифода мебаранд.
Аммо Ваҳҳобов афзудааст, нархи билети автобус аз қатор арзонтар нест, дар ҳоле ки сафар бо автобус ба Русия басе хатарноктар аст.
"Чӣ аз самти Хуҷанд ба Маскаву, чӣ аз Маскав ба Хуҷанд, нархи чипта, қариб аз нархи поезд фарқ намекунад. Бале, мумкин аст 1000 —2000 рубл фарқият бошад, аммо ин рақамҳо кирои таваккал намекунад. Ҳа-бале гуёни автобусҳо шуморо бо бағоҷи зиёдтар ҷалб мекунанд, вале дар қатора низ чунин шароит фароҳам аст", — менависад вай.
Дигар корбарон низ ҷонибдори фикри рӯзноманигор шуда гуфтаанд, саломатиро наметавон бо пул харид.
Аммо коршиносон бар инанд, ки сардии ҳаво сабаби асосии мушкилии сафар бо автобус дар роҳи дур шудааст.