ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҷаъфари Ҷалол бо нашри як изҳорот аз масъулини амнияти милллии Тоҷикистон хостааст, ки барои пешгирии кирдорҳои чунин афроди иғвогар ба ӯ кӯмак намоянд. Ӯ изҳор доштааст, ки "фейк"-ҳо аз номи ӯ дар баҳсҳои фейсбукӣ беодобӣ зоҳир кардаанд ва ин боиси малоли хотири дӯстони воқеияш шудааст.
Ҷаъфари Ҷалол дар хитоб ба дӯстонаш таъкид кардааст, ки изҳороти ғайриахлоқӣ ба ӯ рабт надоранд ва ин найранги нокасону душманон мебошад: "Ман сарзамини ниёкон ва мардуми заҳматкашу меҳмоннавозамро дӯст медорам. Мисли шумоён- азизон, ки дар дурдасттарин рустову деҳаҳои кишвар бароям эҳтиром гузоштаед, ман низ бароятон арҷ мегузорам".
Тибқи изҳороти овозхони шинохтаи тоҷик ин бори аввал нест, ки аз номи ӯ саҳифаҳои тақаллубии фейсбукӣ мекушоянд ва изҳороти ғайриахлоқиро паҳн месозанд. "Ба ин ҳасудони номард гуфтаниям, ки бо ин кирдорҳои разилонаатон муҳаббати маро аз дили мардум гирифта наметавонед", — хитоб кардааст Ҷаъфари Ҷалол ба дастандаркорони ин маърака.
Норозигии овозхони шинохтаи тоҷик дар ҳолест, ки саҳифаҳои тақаллубӣ дар бахши тоҷикии Фейсбук хеле зиёд паҳн шудаанд ва аксаран бо изҳороти тезу тундашон баҳсҳои гуногун, аз сиёсат то динро шиддат мебахшанд.
Ҷаъфари Ҷалол, овозхон ва оҳангсози маҳбуби тоҷик мебошад, ки миёни мухлисон бештар ҳамчун меҳансаро, бо сурудҳои ватандӯстӣ, маъруф гардидааст.