Рӯза барои нерӯмандон: дар Рамазон чӣ корҳо раво асту чӣ нораво

© REUTERS \ Gabriela BhaskarЖенщина во время молитвы в первый день священного месяца Рамадан в Нью-Йорке
Женщина во время молитвы в первый день священного месяца Рамадан в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаёти фаъол дар моҳи мубораки Рамазон аз замони равшании рӯз ба шом ва шаб мегузарад, ҳангоме ки тақводорон рӯзаашонро ба як муддати кӯтоҳи муайян мекушоянд ва боз мебанданд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Рамазон — моҳии муқаддас барои ҳар як мусулмон аст. Тақводорон бар онанд, ки дар айёми ин моҳи шариф осмонҳо кушода мешаванду, Худованди бузург дуоҳои онҳоро мешунавад.

Бояд зикр кард, ки мусулмонон дар айёми моҳи мубораки Рамазон аз суҳур то ифтор на об менӯшанду, на хӯрок мехӯранд, то ин ки хости Худоро иҷро намоянд, зеро Рамазон яке аз панҷ рукнҳои ислом ба ҳисоб меравад. Онҳо инчунин аз имтиноъ худдорӣ мекунанд то эҳсос намоянд, ки бори зиндагӣ барои камбағалон чӣ қадар мушкил аст, зеро эшон аксари вақт на ғизои хуб доранду на оби ошомидании тоза.

Праздник Курбан-Байрам в Московской Соборной мечети - Sputnik Тоҷикистон
Чор гурӯҳи одамон, ки намозашонро Худованд дар моҳи Рамазон қабул намекунад

Дар бораи дастуроти моҳи мубораки Рамазон, хусусиятҳои он дар ҷаҳони муосир, роҷеъ ба намозгузорони Масҷиди ҷомеъи Маскав ва таърихи риояи ин моҳи мубораку наҷиб, зани масеҳии православӣ дар суҳбат бо РИА Новости нақл мекунад.

Рамазон - рӯза барои нерӯмандон

Рамазон — моҳи мубораки рӯза мувофиқи тақвими қамарӣ — 30 рӯз давом мекунад. Он дар моҳҳои гуногуни тақвими григорианӣ (тибқи он тамоми ҷаҳони дунявӣ зиндагӣ мекунад) рост меояд ва метавонад дар фасли баҳор, мисли имсол, ва шояд — дар тобистон, тирамоҳ ё зимистон ояд. Моҳи Рамазон ("ас-саум" — ба арабӣ) тағйирёбандаи замон аст. Маънии он асосан худдорӣ аз ғизо ва машрубот, канорагирӣ аз муносибатҳои шаҳвонӣ дар давоми рӯз иборат аст. Доштани рӯза барои ҳар фарди мусулмон аз лаҳзаи балоғат воҷиб аст.

"Аз рӯи хулосаи илмии олимони диншиноси Мудирияти рӯҳонии мусулмонон ва Шӯрои муфтиёни Русия, моҳи Рамазон имсол бо ғуруби офтоб аз 15 май шурӯъ шуд. Рӯзи аввали он 16 май буд, вақте ки тақводорон аз хӯрдан ва нӯшидан то лаҳзаи ғуруби офтоб худдорӣ мекунанд. Рӯзи охираш бошад, 14 июн буда, пас аз он Фитр — иди тамомшавии рӯза сар мешавад. Иди Фитрро мусулмонон 15-уми июн ҷашн мегиранд", — шарҳ медиҳад муфтӣ,  имом-хатиби Масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов.

Ба гуфти ӯ, барои муайян кардани ибтидои моҳи Рамазон чанд услуб вуҷуд дорад. Яке аз омилҳои муҳими ин кор, пайдо шудани моҳи нав дар осмони кадом як кунҷи дунё аст. Тибқи услуби дигар — зоҳир шудани моҳи нав дар осмони маҳалли худ мебошад. Ё ин ки ҳисобҳои астрологӣ ҳамчун асос гирифта мешаванд. Аз ин сабаб, дар баъзе минтақаҳо рӯзаро метавонанд бо фарқияти як рӯз оғоз кунанд. Барои пешгирӣ кардани ихтилофот, тақводорон дар ин масъала аксаран ба мудирияти динии маҳаллӣ ё ба имоми худ муроҷиат мекунанд.

Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон

Дар бораи моҳияти рӯза мулоҳизаронӣ намуда, муфтӣ аз Қуръони маҷид иқтибос меорад: «Эй, ононе, ки имон овардаед! Рӯза барои шумо чунин дастури ҳатмиест, ки ба пешомадагон аз шумо низ дода шуда буд. Шояд, ки шумо худотарс шавед.

Рӯза чанд рӯз давом мекунад. Ва ҳар кадоме аз шумо, ки бемор аст, ё дар роҳ бошад, пас бигзор рӯзаи худро ба дигар айём гузаронад. Он касоне, ки наметавонанд рӯзаи худро аз ҳисоби рӯзҳои дигар ҷуброн кунанд (бо сабаби нотавонии пиронсолӣ ё бемории табобатнашаванда), бояд шахсони камбизоатро таъом диҳанд. Агар касе аз ин зиёдтар (аз таъом додании бенаво) харҷ кунад, пас ин барои худи вай беҳтар аст. Аммо агар шумо рӯза гиред (масалан, мусофире, ки доштани рӯза дар роҳ барояш вазнинӣ намекунад) — ин барои худи шумо беҳтар аст, агар донед!" (Қуръони карим, 2:183-184).

Рӯза, тибқи суханони ҳамсӯҳбати оҷонсӣ, ин ҳамчунин "тоза кардани бадан, ки пас  аз он таъсирҳои дигари мусбӣ ба амал меоянд, ба монанди харобшавӣ, сиҳатёбӣ, халосӣ аз маризиҳои муайян ва ҷавоншавӣ, аст".

На танҳо ҷиҳати рӯҳонӣ ва саломатӣ, балки нақши иҷтимоии рӯза низ хеле муҳим аст. "Дар ин замон, вақте ки одам гуруснагӣ ва ташнагиро ҳис мекунад, ӯ ба ҳолати он нафароне, ки ба ғизо ва об дастрасӣ надоранд, меафтад. <…> Рӯза маҷбур месозад, ки одамон нисбати якдигар меҳрубонтар шаванд, худро ба ҷои онҳо гузоранд, зиёдтар садақа диҳанд. "Сарват, боигарии шахс аз он ки ӯ садақа медиҳад, камтар намешавад, балки танҳо афзоиш меёбад", — қайд мекунад роҳнамои Масҷиди ҷомеи Маскав Вера Репина.

Тағйирнаёбии дастурот

Мусулмонҳо бояд тамоми аҳкоми динро дар моҳи мубораки Рамазон ба ҷо оранд. Мувофиқи таълимоти исломӣ, агар шахсе, ки ҳатто як рӯзро дар моҳи шарифи Рамазон сарфи назар кунаду, дигар рӯзҳо ба таври шадид рӯза гирад, ӯ наметавонад он мукофотеро ҷуброн кунад, ки аз ҷониби Худованд барои риояи аҳкоми динӣ дода мешавад.

Айни замон, бо дарназардошти воқеиятҳои замони "истеъмолии" имрӯза, дар таҷрибаи гирифтани рӯзаи исломӣ ҳеҷ гуна сабукӣ ва ё тағйироте вуҷуд дошта наметавонад.

"Дар ислом, — шарҳ медиҳад муфтӣ Илдар Аляутдинов, — тамоми дастурот барои фоида овардан ба инсон равона шудааст, чӣ рӯҳонӣ ва чӣ ҷисмонӣ. Рӯза ҳамчун аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва тиббӣ низ ба нафъи шахс равона карда шудааст… Худованди бузург ба бандааш на аз қадри имкони ӯ зиёдтар фарз мегузорад, ки ин на як бору ду бор дар Қуръон ва Суннат омадааст".

Дар воқеъ, бо суръати тунди ҳаёти муосир, рӯза, дар назари аввал, шояд душвор намояд. Яке аз тарсҳои умумӣ — рӯзи равшани дароз дар тобистон аст, вақте ки рӯза 20 соат давом мекунад ва танҳо се-чор соат барои гирифтани қувваҳои ҳаётан муҳим, сарф мешавад.

Бо вуҷуди ин, чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, ба тақводорон муяссар мегардад, ки бомуваффақиятона садди равонӣ ва ҷисмониро бартараф созанд. "Рӯза дар ин замони бобаракат ниҳоят осон аст", — қайд мекунад муфтӣ.

Муваққатан сабукии рӯза дар ислом барои мусофирон, касалмандон, занони ҳомила ва ширдеҳ, мӯйсафедон ва кӯдакон пешбинӣ шудааст. Агар мушкилоти саломатӣ ё таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт вуҷуд дошта бошад, рӯза тавассути фидйа-садақа ҷуброн карда мешавад.

Полумесяц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Ин миқдори муайяншудаи хӯроки якрӯза дар шакли пули нақд ё маводи ғизоӣ мебошад. Дар соли 2018 Шӯрои олимони МРМ Русия тасмим гирифт, ки фидйа-садақа на камтар аз 250 рубл бояд бошад, ва ин ҳам дар робита ба ҳисси рӯзонаи инсон зиёд мешавад. Маблағи ҳар рӯзи сиём, ки бо сабаби узрнок гирифта нашудааст, ба афроди ниёзманд шахсан ё тавассути ташкилотҳои дахлдор супурда мешавад.

"Гап дар сари он, ки дастурҳои Худованди бузург хирадмандонаву тағйирнаёбанда буда, дар ҳама давру замон яканд. Вале роҳу равиши ҳаёти мусулмонон пас аз доштани рӯза тақрибан ба куллӣ дигар мешавад. Ин ҳам фаъолии ҷисмонӣ ва ҳам таҷрибаи даврии рӯза, варзиш, ғизои солим, ва албатта, рад кардани одатҳои бад мебошад. Он замон рӯза осон, форам ва роҳат мегардад, ки бо табъи хӯш онро мусулмонон мегузаронанд ва аз ҳама муҳимаш, — ризоияти Худовандро ба даст меоранд", — илова мекунад муфтии Маскав.

"Некбин будан ва нур овардан"

"Вақте, ки одам рӯза медорад, намози ӯ аз ҷониби Худованд қабул мешавад. Барои ҳамин ин вақти мӯъҷизавӣ аст. Рамазон — моҳи бахшоиш ва саховатмандӣ аст. Мо ҳар сол онро бесаброна ва хурсандона интизорем. Ин тозагии рӯҳӣ аз гуноҳ ва корҳои ношоям аст",  - мегӯяд Айгули 29-сола, қадамгузори Масҷиди ҷомеи Маскав.

Мо бидуни кафш дар болои қолини кабуд дар бахши занонаи масҷид нишастаем ва сӯҳбати хонумонаи мо маҳрамона ва боваринокона мегузарад.

"Дар ин давра одамон кӯшиш мекунанд, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва ғизои ҳаррӯзаи худ бештар аҳамият диҳанд. Ин бисёр муҳим аст, зеро ҷисму рӯҳ ба ҳам пайвастагӣ доранд. Дар ифтор об, мева, сабзавот, салат ва чормағз тавсия дода мешавад. Ғизои гӯштиву хамирӣ вазнинанд, ба рагҳои ҳозима фишору зарар меоваранд. Бинобар ин, бояд диққати махсус ба ғизои мӯътадили сабук дода шавад", — шарҳ медиҳад Айгул.

Дар замони рӯза мусулмонон кӯшиш мекунанд, ки бештар намоз гузоранду, Қуръон хонанд, Офаридгорро ситоиш кунанд.

"Намоз бояд аз самими қалб бошад, бо ашк барояд. Ноумед набояд шуд — ин гуноҳ аст.  Ҳаёт гуногун аст: дар он рӯзҳои неку бад, лаҳзаҳои сафеду сиёҳ мешаванд, вале аз ин дарсҳои мушкили зиндагӣ гузашта, боз ҳам бақувваттар, хирадмандтар ва боэҳтиёттар мегардем.  Худованд аз санҷишу имтиҳонҳо моро гузаронида, донотар мекунад. Бино бар ин, мо бояд Худованди бузургро ҳамду сано гуфта, аз ӯ розӣ бошем ва ниятҳои нек дошта, ба ҳаёт нур пошем", — давом медиҳад ҳамсӯҳбати мо.

Боз як қадамгузори масҷид, Фотимаи 21-сола, таъкид мекунад, ки ислом — ин на танҳо маҳрумият аст.

Доиншҷӯён ҳангоми дарсомӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин

"Зарур аст, ки усули либоспӯшӣ (аврат)-ро риоя кунӣ (пӯшонидани қисмҳои муайяни бадан — оринҷу пойҳо — идора), аммо машқҳои ҷисмонӣ, рақс, оббозӣ иҷоза дода мешавад, ки онҳо ҳаракати хун дар мағзи сарро таъмин мекунад. Ба зан имкониятҳои зиёд дода мешавад, ки фаъоли иҷтимоӣ, ҳадафманд, мустақил ва аз ҷиҳати молӣ озод бошад", — илова мекунад Фотима.

Ба мавзӯи хайрия гузашта, духтарон суханони Қуръонро истинод меоранд: «Дар корҳои нек мусобиқа кунед».

«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то шафқат ва хайрхоҳии худро нисбат ба он афроде кунем, ки ба кумаки мо ниёз доранд, саъй менамоем то хешу ақраборо дастгирӣ кунем. Дар Сурия алъон ҷанг рафта истодааст, кӯдакон дар макотиб хонда наметавонанд. Ташаккури бениҳоят ба бунёди "Закот" (сандуқи хайриявӣ дар назди Масҷиди ҷомеи Маскав — идора), онҳо мунтазам ба Сурия кӯмаки башардӯстона мефиристанд.

Мусулмонони Русия талош мекунанд то кӯмаке ба онҳо расонанд. Қадамгузорони масҷид то ҳадди имкон хайрияҳои пулӣ ва молӣ мекунанд. Ин чизест, ки ба мо ислом меомӯзонад. Ислом — дини сулҳдӯсту адолатпарвар ва хушбахтиовар аст, ҳамдардиро нисбат ба наздикон меомӯзонад. Одам пайрави кадом дине, ки набошад — хоҳ масеҳӣ, яҳудӣ ё ислом — бояд хайрхоҳии худро нисбат ба ҳама зоҳир намояд", — фикр мекунад Айгул.

Дар бунёди "Закот" ихтиёриён зиёданд. Дар он ҷо ба ниёзмандон ҷои зист пешниҳод мекунанду, арзиши амалиётҳои ҷарроҳияшонро пардохт менамоянд.

Дар назди масҷиди "Поклонная гора"-и Маскав, ки он ба хотираи ҷанговарон-мусалмонони фавтида дар ҶБВ сохта шудааст, ҳар сол "Хаймаи Рамазон" барпо мегардад.

Дар он тамоми хоҳишмандонро ғизо медиҳанд: ҳам мусулмонони рӯзадору, ҳам нафарони аз кӯча омадаро. Ҳар шом он ҷо дар доираи барномаи маърифатӣ оид ба манотиқе сухан меронанд, ки сокинони онҳо асосан пайравони дини мубини исломанд, аз ҷумла — дар Русия ва хориҷ аз он. Аз ин рӯ, шумо метавонед дар шомҳои Чеченистон, Тотористон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркия ва ғайра ширкат кунед.  

"Биёед дуо кунем ва аз Худованд илтиҷо намоем, ки ба касе шавҳар диҳаду, ба касе саломатӣ ва хушбахтӣ. Инсонҳо намоз мегузоранд, мунтазиранд ва умед ба бахшиши Худованд доранд", — хулосагирӣ мекунад Айгул.

Лентаи хабарҳо
0