Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин

© Саид Гуциев / Гузариш ба медиабонкДоиншҷӯён ҳангоми дарсомӯзӣ. Акс аз бойгонӣ
Доиншҷӯён ҳангоми дарсомӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар хилофи бархе боварҳо, ки Рамазон дар мавсими санҷишу имтиҳонҳо барои таҳсили донишҷӯён мушкил эҷод месозад, донишҷӯёни тоҷики Маскав мегӯянд, рӯзадорӣ барои гирифтани баҳои хубу аъло кӯмак мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Моҳи шарифи Рамазон, ки аз рӯйи тақвими исломӣ ҳамасола тахминан 11 рӯз пештар фаро мерасад, имсол аз  6-уми июн оғоз шуда, то 6-июл идома мекунад. Агар дар Тоҷикистон давомнокии рӯза 17 соат бошад, барои сокинони Маскав вобаста бо тулӯъ ва ғуруби офтоб 20 соатро ташкил медиҳад.

Дар моҳи Рамазон мусулмонон аз хӯрдану ошомидан ва корҳои ношоиста дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд. Дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид гардидааст, ҳамчунин барои мусулмонон як қатор сабукиҳо низ муқаррар шудаанд. Аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд.

Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Фазилатҳои моҳи Рамазон

Донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории шаҳри Маскав дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи рӯзадорияшон изҳор доштанд, ки сарфи назар аз ғарибӣ ва ҳамаи мушкилиҳо талош доранд, ин фаризаро иҷро кунанд. Шаҳло,  донишҷӯи бахши 3-юми ДДОМ мегӯяд, "ман ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирам ва дур будан аз аҳли оила барои рӯза нагирифтан баҳона намешавад. Соли гузашта ҳамин вақт ман аллаккай ба Тоҷикистон рафта будам ва моҳи Рамазонро бо аҳли оилаамон он ҷо гузарондам".

Нисбатан тӯлонӣ будани рӯзадорӣ дар Маскав, ки  20 соатро ташкил медиҳад, ба гуфтаи Манзура, донишҷӯи дигари тоҷик, набояд монеа бошад. "Рости гап, аввал боварӣ надоштам, фикр мекардам, ки дар муддати 20 соат нахӯрдану нанӯшиданро тоқат намекунам. Вале акнун ман муътақидам, ки моҳи Рамазон дар ҳақиқат ҳам моҳи шарифу пурбаракат аст. Ва Худо ба инсон барои рӯза гирифтан қувват медиҳад",-бовар дорад Манзура.

Гармӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияҳои КҲФ барои наҷот ёфтан аз гармии тоқатфарсо

Бар хилофи Тоҷикистон, ки дар моҳи Рамазон гармии тоқатфарсо ҳукмфармост, Маскав бо боду ҳавои тирамоҳиаш рӯзадоронро шод мекунад: "Дар Тоҷикистон соли гузашта моҳи шарифи Рамазон бисёр гарм буд. Одамоне, ки рӯзадор буданд танҳо саҳари барвақт ё шомгоҳон метавонистанд ба кӯча бароянд. Вале ин ҷо дар Маскав чунин нест. Аз оғози моҳи Рамазон ҳарорати ҳаво аз 15-16 дараҷа ҳоло боло нарафтааст. Ин ҳам рӯзадориро осонтар мекунад. Умед дорам, ки чунин ҳарорат то охири моҳи Рамазон мемонад".

Ба гуфтаи Шаҳло дар мамлакатҳои мусалмоннишин, ки теъдоди рӯзадорон бештар аст, муҳит қувва мебахшад ва доштани рӯзаро осонтар мекунад. "Вақте  ҳамаи атрофиён рӯзадоранд барои ту низ осонтар аст. Вале асли рӯзадорӣ танҳо аз хӯрдану нӯшидан даст кашидан нест-маънои он амиқтар аст. Инсон бояд дар Рамазон ғолиб бар нафси худ бошад, на ғулом. Агар касе ҳам дар наздикии рӯзадор таом бихӯрад, ӯ бояд нафси худро идора кунад ва аз ҳама муҳимаш дар ин давра рӯзадор ҳиссиёти шахси гуруснаро хубтар мефаҳмад. Моҳи Рамазон-ин моҳи ишқ аст. Дар ин моҳ мардум ба якдигар сулҳу салоҳ орзу карда, дасти ҳамдигарро мегиранд, аз якдигар бахшиш мепурсанд ва гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд. Инсон дар ин давра ба Худо наздиктар мешавад",-фаҳмонд Шаҳло.

Бархилофи бархе боварҳо, ки Рамазон дар мавсими санҷишу имтиҳонҳо барои таҳсили донишҷӯён мушкил эҷод месозад, донишҷӯёни тоҷики Маскав мегӯянд, рӯзадорӣ барои гирифтани баҳои хубу аъло кӯмак мекунад.

Манзура мегӯяд, ба мавсими санҷишу имтиҳонсупорӣ рост омадани Рамазон бартариятҳои худро дорад. "Албатта ҳама кӯшиш мекунанд, ки санҷишҳоро бо баҳои хубу аъло супоранд ва  барои ин моҳи Рамазон аз як тараф кӯмакгари мост. Он вақтеро, ки қаблан барои тайёр кардану истеъмоли  ғизо сарф мекардем, акнун барои омодагӣ ба имтиҳон истифода мебарем",-шарҳ дод Манзура.

Дар мавриди навъи ғизое, ки донишҷӯёни рӯзадори Маскав истеъмол мекунанд, Шаҳло гуфт, талош мекунанд аз хӯрокҳои вазнин парҳез кунанд:

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи Рамазон фурӯши маҳсулот бо нархи арзон роҳандозӣ мегардад

"Мо панҷ нафарем ва бо навбат барои ифтор хӯрок тайёр мекунем. Медонем, ки рӯзаро бо хӯроки вазнин кушодан беақлист, чунки рӯзи дароз меъдаи инсон холӣ ҳаст ва даррав онро пур кардан ба саломатӣ зарар дорад. Умуман дар давраи моҳи шарифи Рамазон мусулмонон хӯрокҳои бисёр болаззат ва фоиданок тайёр мекунанд. Ва рӯзаро бояд бо об, мева ё хӯроки сабук кушод. Барои ҳамин ҳам мо кӯшиш мекунем, ки хӯрокҳои фоиданок ва сабук тайёр намоем".

Мусоҳибони мо гуфтанд, "нишалло"-ширинии анъанавии шарқиро, ки одатан дар моҳи шарифи Рамазон тайёр карда мешавад, хеле пазмон шудаанд.

Ба суол дар мавриди муносибати ҳамсабақҳои рус ва дигар хориҷиҳо ба рӯзадорон, донишҷӯёни тоҷикистонӣ изҳор доштанд, ки дар хобгоҳашон  ҳама дар бораи моҳи шарифи Рамазон хабар доранд.  " Онҳо медонанд, ки дар ин моҳ мусулмонон рӯза мегиранд. Аксари онҳо аллакай имтиҳонҳояшонро супурдаанд ва замоне, ки мо ними шаб бароямон хӯрок тайёр мекунем, онҳо ба бозии "Мафия" машғул мешаванд. Бо мо каме наҳорӣ карда, то саҳари рӯз бозиашонро давом медиҳанд",- гуфт бо ханда Манзура.

Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон мардумро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард

Азми донишҷӯёни тоҷик дар ғарибӣ барои риояи фаризаҳои динӣ  дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Рамазон гуфт: "Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷорӣ намуда, вуҷуди инсонро ба назрагоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад. Дар ин моҳ одамон бо ҳам бештар меҳрубон шуда, бо якдигар самимонаву нармдилона муносибат мекунанд. Зеро моҳи шарифи Рамазон дар асоси каломи раббонӣ ва ҳадисҳои пайғамбари Худо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омӯрзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо шинохта шудааст".

(Номҳо иваз  шудаанд)

Лентаи хабарҳо
0